Рушди инфрасохтор дар шаҳри Бӯстон
Дар шаҳри Бӯстон як қатор корҳои бунёдкориву созандагӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳиму натиҷабахш амалӣ мешаванд.
Тибқи нақша, дар маҷмуъ, бунёд, таъмир ва ободонии 223 иншоот пешбинӣ гардида буд. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки иҷрои нақша аз интизорӣ бештар буда, шумораи умумии иншооти сохтмонашон анҷомёфта ба 244 адад расид, ки ба 109,4 фоизи нақша баробар аст.
Дар баробари ин, барои таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 50 иншооти махсуси ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 20 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот идома доранд.
Ҳамзамон, барои истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна дар маркази шаҳр бо маром идома дорад. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас буда, то имрӯз 25 бинои истиқоматии баландошёна сохта шудааст. Аз ин шумора, аллакай, 8-тоаш мавриди истифода қарор гирифта, сокинон бо манзилҳои муосир таъмин гардидаанд.
Бо мақсади рушди устувори шаҳрсозӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон минбаъд низ тадбирҳои мушаххас меандешад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”