ПАНҶАКЕНТ
Суръати корҳои созандагӣ аз болоравии номуси ватандорист
Дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Ин раванд бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳмгузории фаъоли сокинон дар деҳоту маҳаллаҳои шаҳр вусъати тоза касб намудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, дар деҳаи Дашт бо саҳмгузории аҳолӣ сохтмони толори варзиш барои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 идома дорад. Тибқи лоиҳа, толори варзиш болопӯшида буда, барои ташкили мусобиқоти варзишӣ дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ шудааст.
Дар деҳоти Рӯдакӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёди як қатор иншоот, аз ҷумла маркази оши палов, марказҳои истироҳатию фароғатӣ, савдо ва хизматрасонӣ ҷараён дорад. Дар деҳаи Негнот низ бунёди маркази саломатӣ ва бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ба номи Файзулло Ансорӣ ҷараён дорад. Дар деҳаи Марғедари Боло чоҳи амудӣ ва ҳавзи оби ошомиданӣ бо саҳмгузории шарикони рушд ва сокинон сохта мешавад, ки барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”