ДЕВАШТИЧ
Авлавият ба азхудкунии заминҳо ва рушди картошкапарварӣ дар ноҳия
Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич масъалаи азхудкунии заминҳои нав ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи кишоварзӣ табдил ёфтааст. Дар шароити имрӯза, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои муҳими давлатӣ маҳсуб меёбад, истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин аҳамияти махсус касб мекунад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳоти Далёни Боло корҳои обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида вусъати тоза гирифтаанд. Айни ҳол барои обёрии зиёда аз 500 гектар замин корҳои амалӣ идома дошта, ин заминҳо, аллакай, барои киштукори баҳорӣ омодаанд. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки масоҳати заминҳои корам васеъ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, афзоиш ёбад.
Имрӯзҳо деҳқонони деҳоти мазкур бо истифода аз шароити мусоид ва имкониятҳои фароҳамгардида ба кишти картошка машғул буда, талош доранд, ки бо риояи талаботи агротехникӣ ҳосили баланд ба даст оранд. Дар маҷмуъ, обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар деҳоти Далёни Боло ҳамчун омили муҳими рушди устувори кишоварзӣ арзёбӣ гардида, барои густариши картошкапарварӣ ва дигар соҳаҳои зироаткорӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Бо чунин талошҳои пайгирона метавон бовар дошт, ки сатҳи таъминоти бозор бо маҳсулоти ватанӣ боло рафта, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Абдуманнон АБДУСАЛОМЗОДА, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич