Баргашт Чоп кардан

КОНИБОДОМ Вақте дасту дили мардум гарм аст...

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022 – 2026, дар маҷмуъ, бунёди 714 иншоот пешбинӣ гардидааст. Хушбахтона, ба ҳолати 1-уми апрели соли равон 739 иншоот бунёд ёфтааст, ки 103,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Соли 2026, тибқи нақша, бунёди 276 иншоот дар назар аст. То имрӯз 37 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот идома доранд.

Тибқи иттилои Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Конибодом, ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ 130 иншооти муҳим ворид гардидааст, ки онҳо барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолӣ равона шудаанд.

Айни замон дар маркази шаҳр сохтмони як қатор биноҳои баландошёна, муассисаи таълимӣ ва кӯдакистонҳо идома дорад, ки тибқи нақша, соли 2026 ба истифода дода мешаванд. Бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар шаҳр 8 бинои истиқоматии баландошёна ба истифода дода шуд ва сохтмони чунин биноҳо идома дорад. Ин раванд ба беҳтар гардидани шароити зисти сокинон ва рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат менамояд.

Сурайё Ҳакимова, “Ҷумҳурият”