ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 93 ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Муассисаи мазкур 400 нафар хонанда таҳсил дорад.
Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёниятҳои замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар синфхонаи компютерӣ 25 адад компютери тамғаи нав мавҷуд буда, раванди таълим бо истифода аз воситаҳои муосири электронӣ сурат мегирад.
Дар Муассиса маҳфилҳои ровиёни ҷавон, бозиҳои зеҳнӣ ва суруду мусиқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо хонандагон бо завқу шавқи зиёд иштирок менамоянд. Ошхонаи Муассиса дорои шароити хуб аст ва аз 100 ҷойи нишаст иборат мебошад.
Синфхонаи таълими меҳнати писаронро бо асбобҳои дуредгарӣ ва духтаронро бо мошинҳои дарздӯзию ашё барои пухтупаз таъмин намудаанд.
Барои ба машқу тамрин ва ҳар гуна бозиҳои шавқовар машғул шудани хонандагон, толори замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд ёфтааст. Ғайр аз ин, Муассиса дорои майдони кушоди варзиш мебошад, ки дар масоҳати 80 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар иншооти варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва ғайра шароит муҳайё мебошад.
Муассиса бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар деҳаи Файзбахши деҳоти 10 - солагии Истиқлолият дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ бунёд гаштааст.
Корҳои сохтмониро ширкати “Содот сохтмон” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз намуда, бо назардошти талаботи соҳаи маориф ва риояи қоидаҳои меъморию сохтмонӣ сифатнок ба анҷом расондааст.
Дар деҳаи Файзбахш, асосан муҳоҷирони дохилии ихтиёрӣ, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат омадаанд, зиндагӣ мекунанд ва ин Муассисаи нави таълимӣ бо назардошти дар оянда зиёд шудани аҳолӣ дар деҳаи мазкур бунёд карда шудааст.
Барои омода намудани кӯдакон ба мактаб маркази инкишофи кӯдак ташкил намудаанд, ки дорои аёнияту бозичаҳои зиёд аст.
Гармӣ дар Муассиса тавассути буғхонаи алоҳида таъмин мешавад. Таҷҳизоти гармидиҳӣ 2 адад буда, навтарин истеҳсолот мебошад ва ба навбат истифода мегардад. Дар Муассиса хатти алоҳидаи барқ кашида, трансформатор бо иқтидори 160 кВт васлу насб шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди чунин бинои замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани он бо воситаҳои зарурии таълимӣ изҳори сипос намуда, омӯзгоронро ба ҳисси масъулият дар тарбияи наврасону ҷавонон ва истифодаи самарабахши имконияти мавҷуда ҳидоят карданд.
ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КИШТИ ТАКРОРИИ ШОЛӢ ВА ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “МУРОДҶОН”
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва он соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.
Айни замон, дар хоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидааст, ки аксари онҳо сокинони маҳаллаҳои атроф буда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Хоҷагидорон умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъ оваранд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар як гектар ин навъи зироати кишоварзӣ кишт мешавад. Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат аз кишти асосӣ – карам ҳосили хуб ба даст оварда буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва кишти шолӣ бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Ба гуфтаи хоҷагидорон, фаровонии оби полизӣ, таъмини саривақтии нуриҳои минералӣ ва обу ҳавои мусоиди минтақа ба кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, хусусан шолӣ мусоидат мекунад. Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 1 гектар шолӣ беш аз 3,5 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнда буданд, имсол низ ният доранд, ки ҳосили баланд ҷамъ оваранд.
Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ буда, дар ин самт хоҷагидорон таҷрибаи баланд доранд. Ин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо мақсади кишти саривақтии шолӣ дар саҳро саргарми кор ҳастанд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи нави кишоварзӣ, ки барои шинондани парвардаи шолӣ пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ шуд.
Таҷрибаи мазкур дар миқёси мамлакат бори нахуст амалӣ гашт, қаблан деҳқонон парвардаи шолиро дастӣ мешинонданд. Тавре мутахассисон иброз медоранд, техникаи мазкур каммасраф буда, бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ дар як соат метавонад, аз 0,30 то 0,50 гектар замин парвардаи шолиро шинонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” барои бунёди боғҳои намунавии серҳосил ва сарсабзу хуррам намудани ин мавзеи қаблан бекорхобида изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СОМОН-2016” ВА НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Хоҷагии мазкур, ки соли 2016 ташкил шудааст, бо 8 саҳмдор 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки дар масоҳати 1,50 гектар токзор бунёд шудааст ва ба хотири истифодаи самараноки ҳар як порча замин, байни қаторҳои ток тухми тарбузи навъи “Холлер” коштаанд. Феълан ниҳолони тарбуз нашъунамои хуб дошта, хоҷагидорон аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст оварданианд.
Ҳамчунин, дар як гӯшаи замин, қаламфури булғорӣ дар нашъунамост, айни замон ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфтааст. Дар 5 садяк замини хоҷагӣ помидори навъи “Пемболле”, ки ба иқлим ва обу хоки ин минтақа мувофиқ мебошад, шинонда шудааст ва тибқи интизорӣ ва баҳогузории пешакӣ, аз ин қитъа то 15 тонна помидори аълосифат бояд ҷамъ оварда шавад.
2 садяк замини дигарро аҳли заҳмат барои парвариши бодиринг истифода бурдаанд, ки аз ин қитъа низ, тибқи тахминҳо, то 10 тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.
Бояд гуфт, ки зироатҳои гуногун дар ин хоҷагӣ асосан бо усули зери плёнка парвариш карда шудаанд. Ҳамасола аҳли заҳмати хоҷагӣ бо роҳандозии ҳамин усул нақши худро дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аълосифату барвақтии кишоварзӣ мегузоранд.
Ба хотири рӯёндани ҳосил дар тамоми фасли сол ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулот, хоҷагидорон тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 1,50 гектар гармхонаи доимоамалкунандаи муосир бунёд намоянд.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки аз ин нақша дар масоҳати 60 садяк замин имсол гармхона бунёд гардида, алҳол дар он помидору бодиринг нашъунамои хуб доранд. Хоҷагидорон то кунун 50 тонна маҳсулоти аълосифат ҷамъ овардаанд ва ҳосилғундорӣ идома дорад.
Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариш додани фаъолияти гармхона ва ба даст овардани ҳосили хуб ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд ва зиёд намудани майдони гармхонаҳоро омили муҳими таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо дар тамоми фасли сол маънидод карданд. Дар ин баробар, хоҷагидоронро муваззаф намуданд, ки ҳар порча замини дарихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, таҷрибаи рӯёндани чанд ҳосил аз як заминро хубу оқилона мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар назди хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти хоҷагидорони шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо нишондиҳандаҳои соҳавӣ аз наздик шинос гардиданд.