Ҳабиби Ватан
Ба Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон
Маҳбуби ҷаҳонию ҳабиби ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби ватанӣ.
Гуфти кӣ ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби ватанӣ...
Номаи бостон ба Ватан
Ватан, бо ту ҳарфи ниҳон менависам,
Хати ишқи ту ҷон ба ҷон менависам.
Ба ҳар ҳафт рангат, ки оҳанг бастам,
Дар адвори тирукамон менависам.
Хати аввалину хати охиринам,
Туро ман, туро ман чӣ сон менависам.
Бубахшад маро ишқи бесактаи ту,
Ки бо сактаҳои гарон менависам.
Чу Сайҳун, чу Вахшу Зарафшону Панҷат
Аз ин пас равони равон менависам.
Ба номи азизи ту, эй фарди фардо,
Ман ин номаи бостон менависам.
ФАРЗОНА,
Шоири халқии Тоҷикистон