
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора муовини раиси ноҳия Зуҳро Ҳакимзода хабар дод.
Ба маълумоти ӯ, арзиши умумии корҳои сохтмонӣ 4 миллиону 732 ҳазору 261,88 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, барои харид ва насби таҷҳизоту лавозимоти таълимӣ 1 миллиону 621 ҳазору 273,90 сомонӣ сарф шудааст.
Бинои навбунёд дуошёна буда, дар майдони 0,76 гектар қомат афрохтааст. Иншоот аз як блоки таълимӣ ва иншооти ёрирасон, аз ҷумла гармхона, анбор барои ангишт, ҳоҷатхона барои 12 ҷой, инчунин, ҷой барои захираи об ва роҳравҳо иборат мебошад.
Дар маҷмуъ, иншоот дорои 10 синфхонаи таълимӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз буда, барои 500 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Ифтитоҳи чунин иншооти муосири таълимӣ гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”