Баргашт Чоп кардан

Хоруғ Оғози марҳалаи нави рушд

Шаҳри Хоруғ бо суръати бесобиқа симояшро дигар мекунад. Ҳамагӣ чанд сол пеш бинои хонаи маорифи сиёсии Кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистон ва биноҳои чорошёнаи истиқоматии шаҳр, комиҷроияи вилоят беҳтарин иншоотҳои шаҳр ба шумор мерафтанд. Бо дамидани нафаси гарми истиқлолият дар маҳаллаҳои маркази маъмурии вилоят чандин иншоотҳои замонавӣ қомат афрохтанд, ки ба ҳусни шаҳри Хоруғ ҳусни нав зам намуданд.

Дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки аз беҳтарин анъанаву суннатҳои ниёгонамон мебошанд, дар сартосари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, вусъат ёфтаанд.

Чанде пеш Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ аз раванди корҳои бунёдӣ дар иншооти таъиноти гуногун дидан кард. Нахуст, раиси вилоят ба маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ташриф овард. Бояд гуфт, айни замон дар ин маҳалла, ки ба макони саноатӣ мубаддал гардидааст, бунёди корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикан, мебел ва мебели мулоим, бандубасти мева ва сабзавот, истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ду корхонаи бандубасти партовҳои сахти маишӣ, корхонаи коркарди сангҳои нимқиматбаҳо ва коркарди оҳан бомаром идома дошта, то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Раиси вилоят барои бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, оид ба беҳбудию рушди ҳар як корхона ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бо бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ даҳҳо сокинони бешуғли шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атроф бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии хешро беҳтар месозанд.

Алҳол дар маҳаллаи Тем бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ сохтмони бинои кӯдакистон барои 60 кӯдак идома дорад. Раиси вилоят аз рафти корҳои бунёдӣ дар иншоот дидан карда, хотиррасон намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таълиму тарбияи насли наврас хеле зиёд аст. Зеро оянда ба онҳое тааллуқ дорад, ки имрӯз дар кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тарбия гирифта истодаанд. Аз ин рӯ, бунёди кӯдакистонҳо дар ҳар маҳалла вазифаи афзалиятнок маҳсуб меёбад.

Сипас, раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони терминали мусофиркашонии шаҳри Хоруғ, воқеъ дар бозори “20-солагии Истиқлолият”, дидан кард. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки терминали мазкур дар муҳлати муайянгардида ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят, ҳамчунин, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои 12-ошёна бо меҳмонхона, марказҳои тиҷоративу савдо ва филиали ҶСК "Ориёнбонк", маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи Хоруғи Боло, Боғи фарҳангиву фароғатии "Дуои модар", бинои идораи радиои ВМКБ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 ва гармхонаҳои муосир боздид ба амал оварда, ба масъулони иншоотҳо супориш дод, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва риояи аниқи муҳлати муқарраргардида ба иҷро расонанд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”