Баргашт Чоп кардан

“Grand Slam” Хайр Душанбе, салом Душанбе

1-3-юми май шаҳри Душанбе бори сеюм мизбони мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гранд-слам – буд. Дар мусобиқа, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ сурат гирифт, 240 варзишгар аз 34 давлат ширкат кард. Зӯрозмоиҳо аз рӯйи 14 вазн – 7 вазни мардҳо ва 7 вазни бонувон – доир гаштанд. Ҷумҳурии моро ҳамчун кишвари мизбон 40 варзишгар намояндагӣ карда, 4 медал – 3 тилло, 1 биринҷӣ гирифтанд ва Тоҷикистон дар ҷадвали умумии медалҳо ҷойи дуюмро сазовор гашт.

Дар рӯзи аввал паҳлавонон дар панҷ вазн гӯштӣ гирифтанд. Варзишгари маъруфи кишвар Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) бо партофтҳои шавқовар ва иҷрои усулҳои ҷолиб барои расидан ба финал талош мекард. Ба мухлисони пурҳаяҷон Эмомалӣ ҳамон чизеро дод, ки мехостанд: ба даст овардани медали тилло ва шунидани Суруди миллии Тоҷикистон дар рӯзи аввал. Дар финал ӯ бар Азизбек Ортиқов (Ӯзбекистон) ғалаба кард.

Интизор мерафт, ки мисли соли гузашта Обид Ҷебов ба ӯ ҳамроҳ мешавад, аммо ин тавр нашуд. Обид аз Яго Абуладзе (Русия) дар аввалин дидораш мағлуб шуд.

Дар вазни -60 кг паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Лоиқ Қутбиддинов дурахшид. Лоиқ дар ду давр бар намояндагони Муғулистон ва Қазоқистон дастболо шуда, дар нимфинал аз Аюб Блиеви русиягӣ шикаст хӯрд. Ӯ, сипас, дар зӯрозмоӣ барои медали биринҷӣ Максим Мерлини фаронсавиро мағлуб намуд.

Рӯзи аввал, ҳамчунин, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) ҷойи ҳафтумро гирифт.

Дар рӯзи дуюм рақобатҳо дар чор вазн ҷараён гирифтанд. Мухлисон дар ду вазни мардҳо аз Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) умеди медали тилло доштанд, ки паҳлавонон низ онҳоро ноумед накарданд.

Муҳиддин, ки дар ин вазн рақами як буд, дар ду давр бар варзишгарони АМА ва Ӯзбекистон, дар нимфинал бар намояндаи Озарбойҷон дастболо гашта, ба финал баромад. Дар финал варзишгари ботаҷрибаи русиягӣ Карен Галстианро шикаст дода, бори дуюм пайиҳам медали тиллои Гранд-слами Душанберо ба гардан овехт.

Сомон Маҳмадбеков бошад, соли сеюм аст, ки дар ин мусобиқа сазовори медали тилло мешавад. Ӯ дар роҳи расидан ба ғолибият бар варзишгарон аз Русия, Қазоқистон, Фаронса ва Австрия пирӯз гашт.

Дар рӯзи дуюм варзишгаронамон Масъуди Аҳмадзод (-73 кг) ва Суннатулло Мусоев (-81 кг) ба гирифтани ҷойи панҷум мушарраф шуданд.

Рӯзи сеюм зӯрозмоиҳо миёни гаронвазнҳо дар 5 категория доир гаштанд, ки барои паҳлавонони мо омад накард.

Ҳамин тариқ, Гранд-слами Душанбе соли сеюм бошукӯҳ ва хотираҳои нек барои иштирокчиён анҷом ёфт.

Дар доираи баргузории Гранд-слами Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар дод, ки мусобиқаи “World Judo Masters” ё ситораҳои ҷудо дар соли 2026 аз 18 то 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Интихоби Душанбе ҳамчун мизбони “World Judo Masters” рушди назарраси ҷудо дар Тоҷикистонро инъикос мекунад.

Тавассути ҳамкории пайваста бо Федератсияи байналмилалии ҷудо, Тоҷикистон ҳамчун шарики динамикӣ ва боэътимод дар рушди ҷаҳонии ҷудо эътироф шудааст.

Мусобиқаи “World Judo Masters” охирин маротиба соли 2023 дар Венгрия доир гашта буд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”