Баргашт Чоп кардан

Ифтитоҳи “Гӯшаи Покистон” дар Китобхонаи миллӣ

Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз нахустин кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, робитаҳои дипломатии самарабахшро ба роҳ мондааст. Имрӯз пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро 96 созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳанд.

Ифтитоҳи “Гӯшаи Покистон” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки 29-уми апрели соли равон сурат гирифт, саҳфаи наве дар таърихи робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯст гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки то ин дам дар муассиса гӯшаи китобҳои 19 кишвар таъсис ёфтааст. Корбарони Китобхона метавонанд аз ин гӯшаҳо бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои кишварҳои ба мо дӯсту бародар ошно гарданд.

– Ифтитоҳи “Гӯшаи Покистон” барои мардуми шарифи Тоҷикистон воситаи муҳим дар шинохти таъриху тамаддун, адабиёт, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳои сокинони кишвари ба мо дӯсти Покистон хоҳад шуд. Китобхона дар баробари хазинаи бузурги маънавии миллат будан, инчунин, ба макони муколамаи тамаддунҳо, ҳифзи осори фарҳанги башарӣ ва василаи муҳим барои густариши фарҳангу забону тамаддуни кишварҳои дӯсту бародар табдил ёфтааст, – афзуд Лутфия Абдулхолиқзода.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад ифтитоҳи гӯшаи мазкурро рӯйдоди муҳим дар робитаҳои ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд:

– Покистон ва Тоҷикистон дорои муносибатҳое мебошанд, ки на танҳо дар дипломатия, балки дар робитаҳои бисёрсолаи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ решаи амиқ доранд. Минтақаҳои мо замоне тавассути "Шоҳроҳи бузурги Абрешим" зич алоқаманд буданд, ки дар он тоҷирон, олимон ва сайёҳон озодона рафтуомад карда, маҳсулот, ғоя ва дониши хешро мубодила менамуданд. Ин робитаҳои таърихӣ заминаи мустаҳкамеро барои мероси муштарак эҷод кардаанд. Фарҳангҳои мо дорои анъанаҳои шабеҳи меҳмоннавозӣ, эҳтиром ва ҳамбастагӣ мебошанд. Забони порсӣ ва мероси ғании адабии он ба ҳар ду ҷомеа таъсири амиқ гузошта, ҳамчун пули ҳамешагӣ миёни мардумони мо хидмат мекунанд.

Директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода, ба хотири рушди дӯстӣ ва поси эҳтиром ба муносибатҳои неки фарҳангии ду кишвари дӯст, китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-ро ба сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад ҳадя намуд.

Дар хотима донишҷӯёни ДМТ бо хондани ашъори адибони Покистон хотири ширкаткунандагони чорабиниро шод гардонданд.

С. СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”