Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи пойдори кишвар имрӯз дар ҳамаи манотиқи кишвари азизамон сохтмони иншооти таъиноташон гуногун идома дорад. Авҷи сохтмони иншоот на танҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо, балки то рустои кӯҳистон ба мушоҳида мерасад. Дар кишвар ҳоло марҳалаи бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад, шуруъ аз одитарин истгоҳҳои нақлиётиву дуконҳои савдо, то манзилҳои баландошёна, иншооти азими истеҳсолӣ ва, албатта, шаҳраку шаҳр бунёд мешаванд, ки ҳамаи ин самари истиқлолияти миллист.
– Сохтмон аз муҳимтарин ченакҳои рушди ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Он ҷое, ки бунёди босуръати иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба чашм мерасад, ин маънои сулҳу субот, болоравии иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум аст, – иброз медорад Расул Абдуллоев, сардори идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. Дар суҳбат пирони кори соҳа, онҳое, ки умри бобаракати хешро барои равнақи бахши бунёдкорӣ – сохтмон бахшидаанд, иқрор мешаванд, ки чунин ҷӯшу хурӯши бунёдкорӣ, авҷи созандагӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи комил ва ҳамаи ин, аз заҳмату талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегиранд.
Ҳафтае қабл аз сафари чанд рустои ноҳияи Ашт баргаштам. Аз корҳои бунёдкориву созандагии ҷавонон, воқеан ҳам, ифтихор кардаму шукри соҳибдавлатӣ, шукри замони соҳибистиқлолӣ дорам. Ҳоло аз манзили солҳои қаблии замони шуравӣ қариб, ки осоре намондааст, манзилҳои бо тарҳи шарқиву аврупоӣ сохташуда ба дидаҳо нуру ба қалбҳо фараҳ мебахшанд. Роҳҳои мошингард бо ҳиммати сокинон асфалтпӯш шуда, кӯчаву тангкӯчаҳо низ ҳамвору таъмир мешаванд... Насли имрӯз бо иқдому тасмимҳои бунёдкоронаи хеш собит месозад, ки вориси арзандаи Сосониёну Сомониён мебошаду аз насли арзандаи тамаддунофар ҳаст.
Тавре аз гузориши семоҳаи хоҷагии халқи вилояти Суғд бармеояд, натиҷаҳо бозгӯйи онанд, ки дар самти сохтмон пешравиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилоят ба масоҳати 106 ҳазору 965 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
– Барои бо сифати баланд ва сари вақт ба истифода додани иншооти дар нақшабуда саъю кӯшиш ба харҷ дода, баҳри иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояти Суғд талош мекунем, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор истиқбол гирем, – мегӯяд Расул Абдуллоев.
Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор