![]()
4-уми май таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд, масоили вобаста ба бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, идомаи бомароми сохтмони биною иншооти зарурӣ дар сарҳадот, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши роҳбарони масъулро оид ба ин ва дигар масоили ҳалталаб шунида, барои бартарафсозии мушкилу камбудиҳои мавҷуда дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.