МУҚАДДИМА
Муҳимтарин ҷанбаи фаъолияти инсонӣ илм аст.
Мақсад аз он омӯхтани равандҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур – хосият, алоқамандӣ, муносибатҳо ва қонунмандиҳои се муҳимтарин қисмати ҳастии ҷамъиятӣ мебошад.
Тавре борҳо таъкид гардид, ҳангоми омӯзиш ва тафсир мебояд байни илм ва дониш фарқ гузошт.
Тасаввурот дар бораи шакли зоҳирии ашё, шуниданҳо ва диданҳо масдари “донистан”-ро ифода мекунад, ки аз лиҳози грамматикӣ, мантиқан, якҷояшавии исм ва феъли ёридиҳанда мебошад.
Ин гуна донишҳо метавонанд омӣ, одӣ, умумӣ, ҳамагонӣ, динӣ, мазҳабӣ, адабӣ, бадеӣ, ҳикоявӣ, тафсирӣ, тасвирӣ, хаёлӣ, эҳсосотӣ ва монанди инҳо бошанд.
Ба мисли овоза, қисса, афсона, бофта, шубҳа, хабарҳои гуногун, аз ҷумла иғвоангез, ки ба якдигар ба тарзи горизонталӣ ва вертикалӣ мақсаднок ё бидуни он, ғаразнок ва ё баръакс аз нуқтае ба нуқтае мерасанд, албатта, ба манзалати “донистанҳо” даъво ва ҳатто истодагарӣ мекунанд.
Г.В.Ф. Гегел дар асари бунёдиаш “Фалсафаи руҳ” (–Москва: АСТ, 2018) чунин рӯйдодро иллюзия (аз калимаи лотинии Illusio гирифта шуда, маънояш бозӣ, масхара, фиреб, таассуроти сохта, водор кардан ба иштибоҳ, ақлдуздӣ) номниҳод кардааст.
Ин шакли “дониш”-ҳо роҳи осони дарк ва бамақсадрасии субъекти он – барандаи овозаву хабару қиссаро доранд. Ҳисоб сари он аст: “то сухани ҳақ аз ҷо бархезад, дурӯғ се маротиб гирди Замин давр занад”. Ба шарте ки ҳадаф – соҳиби гӯши шунаворо сода, омӣ, зудбовар ва “мувофиқ ба зери дандон” дарёбад.
Аксиомаи масъала – ин гуна “дониш”-ҳо ва “донистан”-ҳо, агар мақсаднок паҳн карда шаванд, ба савод, масъулият ва маърифат ниёз надоранд.
Аммо ба фоҷиаҳои бузург оварда мерасонанд. Ба шарте аз ҷониби мухотаб “тоза” қабул карда шаванд.
Дар дараҷаи сиёсӣ, воқеаҳои февралии соли 1990 намунаи олии паҳн кардани чунин “дониш” ва “донистан”-ҳо аст.
То ҳол пайдо мешаванд касоне, расонаҳои хабарие, ки ҳодисаҳои февралиро номи бадеии “баҳманмоҳ” гузошта, сол ба сол фитнапароканӣ мекунанд.
Дар воқеъ, як руҳонии маккори таҳсилдида, мувофиқ ба замону макон, дурӯғи мақсадноке паҳн кард. Гурӯҳи иғвогареро ба шӯр овард. Бузургтарин фитна барангехт.
Воқеаҳои февралӣ, амалан, тамрини бузург, ҳадафмандона ва таҳкурсии ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор кас ба ҳалокат расид. Ҳазорҳои дигар зарари ҷисмонӣ ва моливу ҷонӣ дид. Мамлакат ғарқа дар бадномӣ гашт.
Ташаббускори ин балво то ҳоло беҷазо мондааст. Бо ин ҷиноят авф нашудааст. Ҳамчун дузди дастгирнашуда, ғурури хаёлӣ дар сар ба сар мебарад.
Аммо ба журналистони дастнигари бемасъулияти “гапков” гуфтанием:
Чу гӯӣ, ҳамон гӯй, ки омӯхтӣ,
Ба омӯхтан дар ҷигар сӯхтӣ.
(Фирдавсӣ)
Набояд гузаштан ба ҳар лафзе чу хома, балки ба ҳар ҳарфе чу сиёҳӣ фурӯ рафтан (Камоли Хуҷандӣ), яъне расидан аз зуҳурот ба моҳияти масъала вазифаи нигаҳдории сутуни инсофи журналистӣ дар муқобили сели маъмулии ҳаррӯзаи овозаҳост.
Забони тоҷикӣ, албатта, ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад.
Калимаи “гап” гоҳо ба “истилоҳ” кӯшиши сарбасаршавӣ дорад. Дар забони тоҷикӣ тафсири онро “сухан, ҳарф, калима, калом, муколама, хабар” барин муродифҳо ифода мекунанд. Дар забони англисӣ ин калима, айнан, дар шакли “gap” (транскрипсияаш – gaep” – гап) омадааст. Маънояш “сухани холӣ, ҷойи холӣ, овоза, ҳарфи носанҷида, бепоя” мебошад.
Журналистон ва хабарчиҳои соҳибтаҷрибае ҳастанд (на танҳо блогерҳои дайду), ки дар навиштаҳои худ “гап”-ро аз “маълумот” фарқ карда наметавонанд. Аниқтараш намехоҳанд. Чунки донистани ҳақиқат заҳматталаб аст.
Аз лиҳози дигар, рӯзнома ё ҳафтаномаҳои беэътибор ба ҳақиқат ниёз надоранд. Худи дурӯғ хушхарид аст. Аммо далелҳои истифодаи чунин дурӯғро барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахси воқеӣ ё ҳуқуқии масъул ҳамчун далел нигоҳ бояд дошт.
Ба мавзуъ баргашта, таъкид карданием, ки таҷрибаи инсонӣ тасдиқ кардааст: давои ҳама гуна дардҳо аз донистанҳое бармеояд, ки бунёди илмӣ доранд.
Аммо илм он вақт оғоз мегардад, ки дар маҷмуи рӯйдодҳо, ҷараёнҳо сифатҳо, аломатҳо ва хосиятҳо қонунмандиҳо ошкор шаванд. Алоқаҳо, муносибатҳо, миёнҷигариҳо, сабаб, ангеза ва далелҳо муайян ва мавриди омӯзиш қарор гиранд. Далел бошад, зуҳуроти воқеии моддӣ ва маънавиест, ки тавассути панҷ органи ҳис ва бо гузаронидани маҷмуи чорабиниҳои тадқиқотӣ, ташхисӣ ва протсессуалӣ тасдиқ мегарданд.
Барои хулосаи илмӣ баровардан зарур аст, вобастагии далелҳо, мантиқӣ будани рӯйдод, омил, сабабҳои пайдоиш ва имкони инкишофи онҳо собит гарданд. Дар ин асос, пешгӯиҳои асоснок ва таклифҳои аз лиҳози иҷтимоӣ судманд пешкаш карда шаванд.
Илм дар кулли самтҳо ба истеҳсоли донишҳои назариявӣ, гипотезаҳо ва натиҷаҳои амалӣ нигаронида шудааст.
Мақсад аз таълифи китоби доктори илмҳои ҳуқуқ Раҳимзода Рамазон Ҳамро “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” (Р. Ҳ. Раҳимзода. –Душанбе: “Эр-Граф”, 2025. –385 саҳ.) тафсири илмии муҳимтарин самти таъмини амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Таъйиноти онро номи рисола ифода кардааст: гирифтан, бозсанҷӣ ва амалӣ намудани “хабар”, агар асоснок бошад, то ба дараҷаи “маълумот” ва тасмимгирӣ расонидани он аст.
Мавзуи баҳси мақола кӯшиши тафсири масъала аз лиҳози методологӣ, ба тарзи дигар, роҳу воситаи ба даст овардани маълумот ва муайян кардани он тавассути таҷрибаи тасдиқгардида мебошад.
ЗАРУРАТИ ИҶТИМОИИ ТАЪЛИФИ АСАР
Арасту мефармояд, ниёз барои ташкили давлат ҳамон вақт ва ба ҳамон сабабе пайдо шудааст, ки ҷомеа дар ботлоқи бетартибиву бенизомӣ фурӯ рафтааст.
Яке аз муҳимтарин шартҳои давлатдории муваффақ ва таъмини тартибу низом саривақт гирифтани маълумот (на гап, хабар, овоза, тахминҳо, бофтаҳо) (1), тахассусмандона бозсанҷӣ кардан (2), бо далелҳо тасдиқ намудан (3), бо талаботи Қонун дар муқоиса гузоштан (4) – дарёфти сифатӣ миқдорӣ ва тазодҳо (5), дар ин асос, тасниф (6) ва қабули қарори адолатхоҳонаи рӯзмарра (7) мебошад.
Предмети аз системаи объекти тадқиқи раванди таъмини амнияти давлатӣ ҷудокарда, дар асари Р. Ҳ. Раҳимзода ҳамин аст.
Мавзуи таҳқиқро муаллиф дар доираи муносиботи се ҷузъи аслӣ ҳаллу фасл кардааст: субъект (1), объект (2) бо истифода аз метод (3) – роҳ ва усулҳое, ки муносиботи натиҷамандии мақсадноки ҳарду ҷузъи фаъолиятро таъмин месозад.
Ангезаи мазкур аз талаботи рӯзмарраи кормандони сохторҳои таъмини амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.
Тавре хотирнишон гардид, мухотаби марказии муҳаққиқ субъектҳои муайянкардаи қонунгузор дар соҳаи фаъолияти зикргардида аст. Муаллиф мақсад гузоштааст, маҳз онҳоро бо донишҳои дар амалия санҷидашуда муҷаҳҳаз гардонад.
Раҳимзода Р. Ҳ. муътақид аст, калимаву ибора-ҳои одӣ қудрати ифодаи мантиқи фаъолияти мураккаби тадқиқотиро надоранд, ба категория ва дефинитсияҳои илмӣ муроҷиат мекунад.
Аз истилоҳоти “мафҳум”, “моҳият”, “фаъолият” ва “принсип” (Р.Ҳ. Раҳимзода. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ. –Душанбе: Эр-Граф, 2025. – Саҳ. 14-30) истифода мебарад.
Маҳз тавассути формулаҳои мантиқӣ мекӯшад, тафсири масъалаҳои мавриди назар барои дарк, муҳокимаронӣ ва хулосабарориҳо шароит муҳайё созанд. Тавассути абстраксия аз зоҳир ба дохили масъала, ба тарзи дигар, аз зуҳурот ба моҳият ворид гардад. Ба ин восита, субъектро ба ҳалли муҳимтарин масъалаҳои таҳқиқ ва бозсанҷии маълумот масъул мегардонад. Муътақид месозад: “ин фаъолият ба мақсади ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият ва таъмини амнияти ҷамъият ва давлат... амалӣ гардонида мешаванд” (Ҳамон ҷо. –С.15).
Вобаста ба таҳаввулоти иҷтимоӣ, таъсири муҳтаво ва раванди кӯшишҳои геополитикӣ муаллифи асар рӯз ба рӯз мураккаб гаштани вазъи сиёсиро дар минтақа ва олам ва ҳамчун инъикоси он дар дохили кишвар, вобаста ба масъулияти таъмини амнияти ҷомеа ва давлат ба инобат гирифта, мукаммал гардонидани дониш ва малакаҳои мутахассисони соҳаро таъкид менамояд (Ҳамон ҷо. –С.19).
Дар рисола зарурати пешгӯӣ ва пешгирии амалҳое, ки ба муқобили суботи ҷамъиятӣ равона карда шудаанд, махсус таъкид карда мешаванд (Ҳамон ҷо. –С.21).
Мантиқи назариявии Р.Ҳ. Раҳимзода иборат аз он аст, ба хотири он ки раванди ҷараёнҳои объективии ҷомеа дар шакли таъмини амнияти давлат роҳандозӣ гарданд, субъектҳои масъули соҳа мебояд назарияи алоқамандии сабаб ва оқибати рӯйдодҳои моҳияти иҷтимоидоштаро ба назар бигиранд. Омӯзанд. Пешгӯӣ карда тавонанд. Имконоти таъсиррасонии худи ҷомеаро барои бартараф кардани равандҳое, ки барои таъмини амнияти давлатдорӣ мушкил эҷод мекунанд, пурзӯр намоянд.
Боиси таассуф аст, ки солҳои ахир истифодаи потенсиали бузурги муассисаҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, дар вобастагӣ ба ниёзҳои рӯзмарраи маънавӣ – идеологии мамлакат дар самтҳои осебпазир, ба талабот ҷавобгӯ нест. Фаъолияти ин муассисаҳо бештар характери мавсимӣ, расмиятчигӣ ва намоишкорӣ доранд.
Сохторҳои марбутаро зарур аст, тавозуни ҷаҳонбиниҳоро дар оилаҳо, маҳал, деҳа, ноҳия, вилоят ва ба тарзи умум дар кишвар омӯзанд. Ба ҳисоб бигиранд, ки фарҳанги сиёсӣ ва маънавӣ муҳимтарин воситаи таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.
Яке аз классикҳои фалсафаи воқеънигорӣ, барҳақ таъкид месозад: “фарҳанг, агар он дар шакли бенизомӣ истифода шавад, бошуурона роҳнамоӣ нагардад, аз худ харобазор боқӣ мегузорад”.
Дар ин маврид муҳтаво, сифат ва самараи баҳрабардорӣ аз кулли муассисаҳое, ки имконоти ба ҷаҳонбиниҳо таъсиррасонӣ доранд, дар назар дошта мешавад.
Муаллифи рисола дар масъалаи муносибати шахс ва ҷомеа муҳокимарониҳои олимона дорад.
Воқеан, шахс ҷузъи доира ва гурӯҳҳои иҷтимоии муайян мебошад. Барандаи он ахлоқу маънавиёт ва қисман уҳдадориҳост. Ҳамзамон, ӯ узви ҷомеаи Тоҷикистон ва чун шаҳрванд дорои ҳуқуқ ва вазифаҳои умумист.
Омӯхтани ҳаматарафаи масъала ва гармонизатсияи ҷузъиёти номутобиқатӣ ба фоидаи сохти сиёсӣ, ки акнун байни давлат ва чунин гурӯҳҳо пайдо мешавад, аз муҳимтарин вазифаҳои тамоми сохторҳои давлатӣ, бо ба инобат гирифтани хосияти индивидуалии ҳар кадом, ба шумор меравад.
Чунин муносибат аз ҷониби муҳаққиқи соҳибназар эътиқодмандона садо медиҳад ва лоиқи дастгирист.
ТАСНИФИ МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТӢ
Яке аз хосиятҳои бунёдии асари Р.Ҳ. Раҳимзода гурӯҳбандии илмӣ ва тахассусмандонаи масъалаҳои амнияти миллӣ мебошад.
Муаллифи китоб онҳоро асосан ба амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҷудо карда, зергурӯҳҳои онҳоро номбар мекунад. Моҳияти ҳар кадомро бо меъёрҳое, ки қонунгузор таъйин намудааст, шарҳ медиҳад (Ҳамон ҷо. –С.25-26).
Тавре тафсир гардид, рисола, асосан, барои омӯзиши субъектҳои амалкунандаи соҳа таъйин гардидааст.
Вобаста ба он, муаллиф кӯшидааст, то ҳадди имкон, маҷмуи мафҳум ва истилоҳотеро мавриди истифода қарор диҳад, ки муҳтавои масъала барои хонанда дастрас ва фаҳмо бошад. Дар ин асос, муҳиммият ва қонунмандиҳои хоси самти фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аломатҳои сифатии ҳар кадом, ҷиҳатҳои фарқкунанда ва афзалиятноки онон ба тарзи принсипалӣ нишон дода шудаанд.
Муаллиф барҳақ таъкид кардааст: “Амнияти миллӣ ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ” (Ҳамон ҷо. –С.25) мебошад.
“Таҳдидҳои имконотӣ” барои амнияти давлатӣ аз гурӯҳи хатарҳое мебошанд, ки онҳо ҳам дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ ва ҳам идеологӣ, хосияти рӯзмарра доранд.
Ба ақидаи Гегел, ҷараёни воқеӣ дар зуҳуроте, ки ҳанӯз вуҷуд надорад, аллакай, дар арафаи эҷодшавист. Он чизе, ки дар ҳар навъ арзи ҳастӣ кардааст, кӯшиш ва хосияти устувори рушд кардан дорад.
Равандҳои ифротгароӣ, тамоюли наврасон ва ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷараёнҳои бесобиқаи ба хурофот рӯ овардани аҳолӣ, ки ҳамакнун зуҳуроти воқеӣ мебошанд, ба суботи ҷомеа ва сохти конститутсионӣ хатари ҷиддӣ эҷод кардаанд.
Ҳаминро бояд донист, ки байни имконот ва воқеият муносиботи қонунмандӣ вуҷуд дорад. Яъне хатарҳое, ки дар доираи фаҳмиши категорияи диалектикии имконот арзи ҳастӣ мекунанд, метавонанд ба воқеият мубаддал гарданд. Бидуни баҳс, худи воқеият тавлидкунандаи имконият аст ва баръакс. Агар мо маълумоти дақиқ дошта бошем, ки ҷавонони имрӯза дар асоси кадом мафҳумҳо андеша меронанд, пойбанди кадом ақида ва ҷаҳонбиниҳо ҳастанд, бидуни шак пешбинӣ кардан мушкил нест, ки ояндаи ҷомеаро чи интизор аст.
Дар ин маврид, ҳаргиз сухан дар бораи ононе намеравад, ки иштирокчии чорабиниҳои ниҳоят муҳим ва саривақтии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, мебошанд.
Категорияҳои “аксарият” ва “ақаллият” муҳимтарин омил ва нишондиҳандаи “воқеият” ва “имконот” дар раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва пешгӯии тақдири таърихии ҷамъият ва давлат ҳастанд.
Ин мавзуест, ки ҳамарӯза ниёз ба омӯзиш, тадқиқ ва таҳлили академӣ ва стратегӣ дорад.
Натиҷаи чунин таҳлилҳо ба сифати мавзуи тасмимгириҳои сиёсӣ хизмат мекунанд. Албатта, бояд дар назар дошт, ки вазъи фаврӣ ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи вазъи сиёсӣ аст. “Имконот” ва “воқеият” бошад, ҷараёни абадии табдил, дигаргунӣ, пешравӣ ва ё баръакс мебошад.
Он зуҳурот ва таҳаввулоте, ки ба амнияти миллӣ дахл дорад, наметавонад натиҷаи амали қувваҳои фавқуттабиӣ, тахминҳо, хаёлот ва ё эҳтимолияти пешгӯинашаванда бошад.
Не.
Чунин воқеият, дар дохили ҷомеа, ҳамчун неруи материалӣ вуҷуд дорад.
Дар ин маврид, муҳтаво, мундариҷа, вазъи руҳӣ, равонӣ, ҷаҳонбинӣ, дарки воқеияти ҳастӣ ва хулосабарории “аксарият” ба шаш принсипи конститутсионӣ, зарур аст дар таносуби баробарвазн арзи ҳастӣ намояд.
Ҷомеаро мебояд садсолаҳо фоҷиаи солҳои навадуми асри гузашта фаромӯшаш набошад. Онро мавзуи дарси ҳамарӯзаи наслҳо қарор бидиҳад.
Таҷрибаи таърихӣ иҷозат намедиҳад, ин ҳақиқатро аз хотирҳо дур кард: идеяҳо, назарияҳо, ҷаҳонбиниҳо, “вақте фарогири омма мешаванд, ба қувваи материалӣ мубаддал мегарданд”. Донистан ва ба инобат гирифтани ин масъулият, аз бузургтарин вазифаҳои ҳарлаҳзаинаи сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ҳар нафаре, ки худро ватандор мешуморад, иборат аст.
Дар бораи масъулияти таъмини амнияти ҷамъиятӣ, чун муҳимтарин ҷузъи амнияти миллӣ, истифодаи мафҳумҳои “эҳтимолият” ва “эҳтимолияти максималӣ” ҷоиз дониста мешавад. Дар ин маврид, мадди назар гирифтани дараҷаи сифатии эҳтимолият, ба воқеият мубаддал гаштани он, аз талаботи рӯзмарраи сохторҳои марбута маҳсуб мегардад.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ҳодисаҳое, ки дар табиат рух медиҳанд, хосияти объективӣ доранд. Қисмати зиёди онҳо, то он дараҷае, ки тавони илм аст, пешгӯишаванда мебошанд.
“Эҳтимолияти максималӣ”-и онон тавассути дастгоҳҳои электронӣ, озмоишҳо, гирифтан ва таҳлил кардани қабатҳои атмосфера, намунаҳои материалии муҳити атроф, аксаран, дақиқ муайян карда мешаванд.
Аммо дар ҷомеа тағйирот ва таҳаввулот на танҳо аз омилҳои объективӣ, балки субъективӣ вобастагӣ доранд.
Дараҷаи маърифатнокӣ, тавони дарки олами ҳастӣ, масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ва наслҳо, сифати шахсият, самтгирии ҷаҳонбинии сиёсӣ, муташаккилӣ, иродатмандӣ аз хосиятҳое мебошанд, ки тағйири раванди воқеаҳои ҷамъиятӣ бо онҳо дар муносибати системавӣ (алоқаҳои байниҳамдигарӣ, аз ҳам вобастагӣ, муносиботи сабабии пайдоиш ва инкишоф, ҳамбастагӣ, аломатҳои мухторияти нисбӣ) арзи ҳастӣ мекунад.
Бояд эътироф кард ва таърихи инсоният нишонгари он аст, нисбат ба ҳодисаҳои табиӣ, ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, хосияти устувор ва замонати ояндабинии дақиқ надоранд.
Ба тарзи дигар, пешгӯӣ бояд кард: раванди воқеаҳое, ки аз субъект – Homo Sapience (инсон) вобастагӣ доранд, пешгӯинашавандаанд.
Ҳамин тариқ, таъмини амнияти миллӣ ҷараёни абадии доимоамалкунанда ва беохир мебошад, ки омӯзиши баробарвазн ба ҳолат ва раванди воқеияти ҷамъиятиро талаб мекунад. Дараҷаи суботи мамлакатро дар вазъияти кунунӣ, наздикмуддат, миёнамуҳлат ва дур ба тарзи доимӣ муайян менамояд. Дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои тибқи Қонун муайянкардаи системаи ягонаи таъмини амнияти миллӣ, чораҳои саривақтӣ меандешад. Онро амалӣ месозад.
Дар қисмати субъекти фаъолият Рамазон Ҳамро Раҳимзода асосҳои қонунӣ, функсия, вазифа ва классификатсияи шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро мавриди таҳлил қарор медиҳад (Ҳамон ҷо. –С.56-69). Онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо менамояд. Муҳиммияти ҳар кадомро тахассусмандона муайян ва таъкид месозад.
Мо ҷонибдори фикри муаллиф ҳастем, ки ҳангоми зарурати таъмини ҳаматарафаи фаъолияти таъйинотӣ, доираи истифодаи мутахассисони соҳавӣ маҳдудият надорад.
Чунин хулосаи муҳаққиқ барои субъектҳои таҳлили стратегии органҳои таъмини амнияти давлатӣ аҳаммияти махсус дорад.
Дар шароити ниҳоят мураккаби геополитикӣ, амалан “манфиатҳо”, ки ба хотири легитиматсияи ҳама гуна ҳаракатҳо дар доираи салоҳияти ҳуқуқҳои байналмилал ва ё берун аз он сифати “миллӣ” ба онҳо ҳамроҳ карда мешавад, ҷалби мутахассисони ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи давлатӣ, барои асоснок кардани раванд ва натиҷаҳои фаъолият муҳим ба назар мерасад. Ҳамчунон ҳамкории муфид бо созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои дӯст, ҳамраъйҳои муассири геополитикӣ дар мавриди ҳифзи манфиатҳое, ки Конститутсия онҳоро тасдиқу таъйид кардааст, муфид мебошад.
“Сиёсат ҳамчун санъати имконот” ягон воситае, ки аз ҷониби қонунгузори миллӣ ва байналмилал манъ нашудааст, ҷалби кулли имконотро ба хотири таъмини адолат, сулҳу субот, амният ва манзалати кишвар салоҳ медонад.
Дар ин маврид, дар рисолаи Рамазон Раҳимзода ишораҳои мушаххас бо овардани мисолҳо хотирнишон гардидаанд.
Дар доираи тафсири илмии предмети тадқиқ, муаллиф ба он ҳақиқате такя мекунад, ки субъект моҳияти донистан, аз худ кардан, ҳаллу фасл намудан, рӯйи кор овардани воқеияти объективиро бо истифода аз метод ва роҳу усуле, ки бо такя бо назарияи дар таҷриба санҷидашуда тавъам омадааст, замонат медиҳад. Хонандаро ба он муътақид месозад.
Айни чунин амалро дар фаъолияти разведкавӣ ва контрразведкавӣ қайд карда, мантиқан таъкид менамояд, ки таъмини фаъолияти мақсаднок, асосан, аз ҷониби шахс амалӣ карда мешавад. Ӯ амалан, бо касбияти худ ба тарзи амалӣ ба коркарди объект машғул мегардад. Ба он таъсир мерасонад. Дар шакли дигаргун сохтани ҳадаф аз лиҳози дарк ва бозсанҷӣ барои дидани чораҳое, ки барои манфиати давлат ва ҷамъият зарур аст, мувофиқ мегардонад.
Ишораҳои муаллиф дар ҷараёни тадқиқ, аз ҷумла, дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва пешниҳоди натиҷаи чунин фаъолият иборат аз он аст, ки байни субъект ва объекти омӯзиш муносибати аслӣ, асосан, дар доираи дарки моҳияти масъала шакл мегирад.
Дар ин маврид, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчун олим ва мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа барои мутахассис шарти муваффақият мегузорад: “агар ӯ соҳиби донишҳои мавриди назар бошад, дар бораи моҳияти кор, қонунмандиҳои фаъолияти касбӣ, принсипҳои системавии фаъолият донишҳои саҳеҳи илмӣ дошта бошад”.
ТАҶРИБА МЕЪЁРИ ВОҚЕИЯТИ ТАҲҚИҚ
Тарзе ишора гардид, дониш инъикоси ҳақиқати объективӣ дар шуури инсон аст. Агар он тавони фаҳм, дарк ва арзёбии воқеиятро дошта бошад.
Дар ҳама гуна тадқиқ, ки бозсанҷии маълумот муҳтавои онро ташкил мекунад, сухан дар бораи “инъикоси дуруст” меравад.
Бидуни донишҳои илмӣ, касбият, сифати ба талабот ҷавобгӯи шахсият ва масъулиятшиносӣ, дастрасии комил ба ягон навъи инъикос, ки ҳақиқатро ифода карда тавонад, имкон надорад.
Дар шароити фаъолияти фаврӣ ва натиҷаи ниҳоии он – чорабиниҳои мурофиавӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дар маҷмуъ, ҳаёти одамӣ аз он вобастагӣ пайдо мекунад, донишҳои баробарвазн ба илм зарур аст.
Рисолаи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, айнан, чунин талаботро ба хонанда меомӯзад.
Дар асл, фаъолияти таҳқиқ як ҷараёни сарбастаи назария ва эмпиризмро мемонад. Дар ин ҷараён, яке бе дигаре ҳуқуқи зистан надорад.
Вақте муаллиф марҳалаҳои гирифтани маълумот, бо роҳу воситаҳои гуногун бозсанҷии онро то дараҷаи ниҳоии қабули қарори расмии дар меъёрҳои ҳуқуқӣ муайяншуда номбар мекунад, аз лиҳози илмӣ, тафсири масъала сифатан гузаштан аз як навъи тадқиқ ба навъи дигари тадқиқ, ба маънои зина ба зина аз зуҳурот то моҳияти масъала расиданро дар назар дорад.
Санъати тадқиқи оперативӣ, ки дар рисола роҳу воситаи ба он дастрас шудан тафсир меёбад, зиддиятҳои диалектикии дар маълумоти аввалия ба мадди назар расидаро бартараф менамояд.
Маълум карда мешавад, дар аксар ҳолат зуҳурот ба моҳияти масъала дар ҳолати номувофиқатӣ қарор дорад, зеро он дар шаклҳои гуногун худро ба намоиш мегузорад.
Дар ин маврид, лаҳзаҳои фавқулода ва мақсаднок рӯйпуш кардани моҳияти масъала – субъект, объект, алоқаҳо, муносибатҳо ва миёнҷигариҳо ҷой доранд. Худи ҷараёни санҷиш, агар он тахассусмандона роҳандозӣ карда шавад, моҳияти масъаларо то ҳадди ниҳоӣ, бо нишон додани омил, сабаб, оқибат ва эҳтимоли такроршавандагии амали ҳадаф муайян мекунад.
ХУЛОСА
Таҳлили сохторӣ – функсионалии монографияи Раҳимзода Рамазон Ҳамро нишон медиҳад, ки муаллиф, бо истифода аз назария, шакли донишҳои илмӣ, методология ва методҳои санҷиш ҳамчун восита ба натиҷамандии муносиботи субъектҳои мушахас бо объектҳои мавриди назар, ба мақсади аслӣ – дарки предмети тадқиқи илмӣ ноил гардидааст.
Мусаллам аст, ки дар ин маврид нақши асосии субъекти амалкунандаро худи муаллиф ба сифати мутахассиси барҷастаи соҳа иҷро мекунад.
Таҳлили забон ва услуби баён, тарзи масъалагузорӣ, квалификатсия ва гурӯҳбандии маълумот, интихоби роҳ, усул ва методҳои санҷиш, таъмини муваффақонаи мақсади бозсанҷии маълумот, ба натиҷаи ниҳоӣ расонидани онҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо истифода аз таҷрибаи амалӣ, ин фарзияро боз ҳам тақвият мебахшад.
Хосияти барҷастаи китоб, аз лиҳози назариявӣ ва методологӣ коркарди ҳаматарафа дидани он аст. Чунин афзалият ба масъулони соҳа, ки ба санҷиши маълумот ҳамчун тадқиқоти илмӣ – барои таъмини воқеият назар мекунанд, ниҳоят муҳим аст.
Албатта, бе донистани илмҳои грамматика ва мантиқ ҳам гап задан, сухан гуфтан ба забони модарӣ мумкин аст.
Аммо ба хотири алоқаманд карда тавонистани зуҳуроти ҳастӣ бо ифоданокии тафсир, дар ҷойи худ шинонда тавонистани илм ва истифода аз он ҳамчун мутахассис, донистани ҳам ину ҳам он ҳатмист.
Донишҳои академии назариявӣ ва таҷрибаи бойи амалӣ имкон додааст, ки муаллиф аз омӯзиши шаклии объект оғоз намуда, хосиятҳои барҷастаи маълумотро муайян мекунад. Давра ба давра ба моҳияти масъала наздик мешавад. Онро ҳаллу фасл менамояд.
Чизе ки дар рисола айнан гуфта намешавад, аммо муаллиф бо тамоми имконот кӯшиш мекунад, онро мантиқан ба хонанда расонад, масъалаи ба воқеияти ҳастӣ мувофиқат кардани донишҳои назариявии фаъолияти касбӣ ва зарурати нақдинаи таҷрибаи амалиест, ки бидуни онҳо таъмини тахассусмандонаи амнияти миллӣ зери суол меравад.
Ба ҳамин хотир, масъала дар бораи воқеият доштани дараҷаи донишҳои мутахассисони соҳа нисбат ба тадқиқи “маводи аввалия” ва самтҳои инкишофи он, аз мавзуъҳои марказии асари илмӣ маҳсуб мегардад.
Афзалияти воқеии монографияи Раҳимзода Р. Ҳ. дар он аст, ки хонанда тавассути аз бар намудани муҳтавои асар роҳ, восита ва методҳое, ки дар он нишон дода шудаанд, метавонад бо эҳсоси масъулият дар муайян намудани воқеияти объективӣ дар роҳи таъмини манфиатҳои миллӣ аз худ фаъолияти ифоданок ва босамар ба намоиш гузорад.
Саймумин ЯТИМОВ