![]()
РУҲИЯИ ТОЗАИ СОКИНОНИ КӮЛОБШАҲР АЗ ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар ин лаҳзаҳои мусибат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони ҷонбохтагон барои бартарафсозии ҳар чи зудтари оқибатҳои селу обхезӣ ва ёрии ҳамаҷониба ба зарардидагон дастури қатъӣ доданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат татбиқи амалии худро ёфта истодааст.
![]()
Қудратулло Одинаев, яке аз зарардидагон, бо арзи сипос аз кумакҳои фаврии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати сайёри рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор дошт, ки осебдидагони офати табиӣ дар ин рӯзҳои сахт ҳеҷ эҳсоси танҳоӣ накарданд.
– Шом буду осмони тираи абрпеч. Якбора борон шиддат гирифт. Тадриҷан ҳаҷми об дар ҷӯйҳо зиёд шуд. Аммо гумон надоштем, ки якбора сел омада, вориди хонаҳоямон мешавад. Мутаассифона, дар як лаҳза вазъият хатарбор гардид. Оби лой бо суръат омаду кӯчаю ҳавлӣ ва хонаҳои истиқоматиро зер кард. Дар ин соати торикии шаб ба куҷо гурехтану аз кӣ имдод хостанро намедонистем. Хушбахтона, аз ҳар ҷониб сокинони дигар маҳаллаҳо, масъулони сохторҳои гуногун бо техникаву лавозимот барои наҷоти мо омаданд ва бо сели пурҳайбат дастбагиребон шуданд. То охирин лаҳзаҳо якҷоя мубориза бурдем, то зарару талафот камтар бошад ва саломатии мардум ҳифз шавад. Пас аз хомӯш гардидани садои шуми сел ва ором гардидани вазъият, фаҳмидем, ки дар ин лаҳзаҳои бароямон мушкил аз раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид сар карда то роҳбарону масъулони мақомоти дахлдор бо супориши Пешвои миллат ҳама дар бари мардум қарор доштаанд. Ин ғамхории фаврии Роҳбари давлатро нисбат ба мардум дида, бори ғаму андуҳи мо сабук шуд ва ҳеҷ эҳсоси танҳоӣ накардем.
Шодиҷон Гиёев, яке аз шоҳидони дигари ҳодисаи харобиовар мегӯяд:
– Мо бовар надоштем, ки дар як муддати кӯтоҳ аз панҷаи сахти сел халос мешавем. Мардум зуд сарҷамъ шуда, ба мадади ҳамдигар расиданд. Дере нагузашта, аз ҷониби масъулони маҳаллӣ бо супориши Роҳбари давлат техникаҳои бузург ва гурӯҳҳои наҷотбахш ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон ба кори имдодрасонию бартарафсозии харобиҳо оғоз намуданд. Имрӯзҳо барои бошандагони маҳаллаи Роҳи оҳан танҳо барқарорсозии лӯлаҳои обгузар, ки ягона воситаи таъминоти оби ошомиданӣ мебошанд, боқӣ мондааст. Бовар дорам, ки ин масъала дар кӯтоҳтарин фурсат бо кумаки Ҳукумати кишвар ҳалли худро пайдо мекунад.
Идомаи суҳбати мо бо сокинони осебдида иборат аз шукргузории самимона аз ёриҳои барвақтӣ буд, ки дар наҷоти садҳо нафар ва иншооти муҳими зиндагии онҳо нақш бозидааст.
![]()
Сокинону ашхоси касбу кори гуногун дар суҳбат бо хабарнигорони рӯзнома миннатдорӣ, муҳаббату самимияти хоси худро, пеш аз ҳама, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён мекарданд.
Баъди суҳбат бо осебдидагон аз Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиат хабар расид, ки кумакҳои дигари Пешвои миллат иборат аз орд, шакар, макарон, биринҷ, равғани рустанӣ, ошхонаи саҳроӣ, кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, беш аз ҳазор маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона ба зарардидагон дастрас гардиданд.
Дар охир як суол дар зеҳни мо пеш меомад, ки бо кадом роҳ метавон ин офатро дар маҳаллаи мазкур пешгирӣ кард? Зеро ин бори дуюм аст, ки дар макони мазкур сел сабабгори харобиҳои зиёд мегардад. Аз суҳбат бо мардуми ин ҷо бармеояд, ки васеътар кардани канали обпартои мавзеи Девонасой роҳи ягонаи ҳалли масъала мебошад. Шояд, як бор харҷи зиёдтар шавад, аммо минбаъд сар задани селфароиҳои талафотбор мумкин аст, ки ба пуррагӣ пешгирӣ шавад.
Кароматулло АТО,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”,
Душанбе – Кӯлоб – Душанбе