![]()
Сокини деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор Муҳаммадназар Саидалиеви 86-соларо дар деҳоти гирду атроф ба хубӣ мешиносанд. Даҳ ангушти ин пири барнодил ҳунар аст. Солҳои зиёд ба дуредгарӣ, нонвоӣ, ошпазӣ, хиштрезӣ, бинокорӣ, обчакорӣ ва ронандагӣ машғул буд.
Соли 1967 Муҳаммадназири он вақт 27-сола ҳамроҳи ду нафари дигар ҳангоми девор кардани атрофи ҳавлии ҳамдеҳааш Муҳаммадмуроди шикорчӣ аз чуқурии қариб ду метр хуми сафолини калони даҳонбастае ёфтанд. Тавассути кордонию эҳтиёткории ӯ хумро бо ёрии арғамчин бе осеб аз чуқурӣ берун бароварданд. Усто Муҳаммадназар аҳли хонаводаро даъват намуд, то дар ҳузури онҳо даҳони хумро кушоянд. Болои хум як қабат чарм, дар зери он коҳи хушк ва дар қабати охирон чарми мисли бӯрё бофташуда буд. Бо корд чармро буриданд. Ҳама интизор буданд, ки аз даруни ин хуми вазнин чи мебаромада бошад. Чун даҳони хумро кушоданд, диданд, ки даруни он пур аз гӯштбирён аст. Гӯшти бирёншударо равғани зағир пӯшонда буд. Ҳама ҳайрон шуданд, ки чӣ хел тайи солҳои тулонӣ гӯшти бирён вайрон нашуда, ҳолаташро дигар накардааст. Гӯшт бӯй намекард, вале бӯйи равғани зағир каме эҳсос мешуд.
Ҳисси кунҷкобии усто Муҳаммадназар боло гирифту тахтача оварда, пораи гӯштеро болои он гузошта, бурид. Он гӯшти гов буд. Ӯ ба нею нестони атрофиён эътибор надода, пораи гӯштро ба даҳон андохт ва шӯхиомез гуфт: «Агар то нимрӯзӣ чизе нашавам, ин гӯшти бирёнро напартофта, ҳамарӯза ба хӯрок ҳамроҳ мекунем».
Гӯштбирён чунон устокорона пухта шуда будааст, ки на шӯр буду на бенамак. Хумро дарҳол ба ҷойи салқину офтобнорас бурда, болояшро бо сарпӯш ва матое пӯшонданд. Чун вақти хӯроки нисфирӯзӣ расид, усто Муҳаммадназар аз хум як табақ гӯштбирёни дигар гирифта, бо шариконаш хӯрд. Минбаъд соҳибхона низ боҷуръат шуда, дар ҳама хӯрокҳо аз ин неъмати ғайричашмдошт истифода мекард.
Воқеан, дар замонҳои қадим яхдон набуд, аз ин рӯ, мардум бо усули дар равған бирён кардан гӯштро дар зарфҳои табиӣ гирифта, дар ҷойи салқин нигоҳ медоштанд. Ин хум, ки аз наздикии Қалъаи Ҳисор ёфта шуд, баёнгари он аст, ки дар гузашта дар ин мулки бостонӣ ҳунарҳои кулолӣ, пазандагӣ ва ҷувозкашию зағирпарварӣ хеле ривоҷ доштааст. Ҳайратовараш он аст, ки бо мурури солҳо на ягон ҷонвар ба ин хум роҳ ёфтаасту на таъми ғизо вайрон шудааст. Дарвоқеъ, хумро баъди холӣ шудан ба осорхона супурданд.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»