Бо вуҷуди он ки корномаҳо ва ибтикороти Пешвои миллат пайваста дар расонаҳо интишор шуда, дар авроқи таърих бо хатти заррин сабт мешаванд, боз ҳам аз миёни мардум нафарони бешумор чун шоҳиди бевоситаи амалҳои неки Сарвари давлат гуфтаниҳое доранд, ки лоиқи мондагорист. Амриддин Мӯсоев, яке аз онҳоест, ки аз солҳои 80-уми асри гузашта бо шахсият ва фаъолияти натиҷабори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошност. Ӯ хотираҳои ҷолиби шиносоӣ бо Роҳбари кишварро нақл карда, шукргузорӣ менамояд, ки халқи тоҷикро чунин як инсони барӯманду нексиришт сарвар аст:
– 20-уми августи соли 1988 корҳои сохтмони сарбанди НБО “Роғун” оғоз шуду мо як гурӯҳ аз бошандагони деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳ ба ноҳияи Данғара муҳоҷир шудем. Ҳангоме ки вориди деҳаи навбунёди Чорсадаи ин ноҳия мегардидем, одамони зиёд бо сарварии раиси вақти ноҳия Рамазон Мирзоев ва вакилони халқ бо садои савту наво ва гулдастаҳо ба пешвозамон баромада, “хуш омадед”, – гуфтанду гарм ба оғӯш мегирифтанд. Дар байни издиҳоми одамон марде бо салобати хосса, қоматбаланд, сарулибоси озода ва мӯйҳои шоназадаву чеҳраи кушод ба сӯйи мардуми муҳоҷиршуда бо табассум нигоҳ мекард. Ин нигоҳи пурмеҳр ва оғӯши боз ба ҷониби халқ далолат аз он мекард, ки дар ниҳоди ин шахсият меҳри раиятпарварию инсондӯстӣ маъво гирифтааст. Бо чашми худ медидам, ки ӯ ба хидмати халқ мешитобид ва меҳмононро ҷо ба ҷо мекард.
Баъди чанде маро муовини раиси хоҷагии Чорсада Акбар Ҷалолов ба ҳайси ронанда ба кор даъват намуд. Ин сабаб шуд, ки ман марди шарифи дар боло тавсифшударо боз чанд бори дигар вохӯрдаму аз ӯ дар зеҳнам хотираҳои нек нақш бастаанд.
Як субҳи барвақт буд, ки раиси хоҷагии Чорсада маро барои омодасозии мошини нафткаш ҷиҳати сафар супориш дод. Зимни аз назар гузарондани мошин маълум шуд, ки ин шахси серталош раиси хоҷагии ба номи Ленин Эмомалӣ Раҳмонов будаасту мо акнун бо ӯ якҷо барои овардани маводи сӯзишворӣ ба шаҳри Калининобод (ҳозира шаҳри Левакант) меравем. Шиносоии ману номбурда бо муносибати неки бародарона оғоз ёфт. Ҳарчанд раис аз ман дар синну сол калон буд, баробари хеле ҷиддӣ будан, хоксорона ва бо эҳтиром суҳбат мекарду бо меҳр даст мефишурд. Ҳамзамон, маълум буд, ки дигарон ҳам нисбат ба Эмомалӣ Раҳмонов эҳтироми зиёд доранд. Вақте аз даромадгоҳ ворид гардид, пас аз аҳволпурсӣ ба роҳбари пойгоҳи нафти хоҷагии Чорсада Мунавваршо Ҷалолов гуфт: “Мошинатонро барои расондани маводи сӯхт ба ихтиёри мо мегузоштед”. Ҷалолов ҳам бо эҳтиром даст болои сина “хуб шудааст, раис”, – гуфта, ба ман супориши расондани маводи даркориро ба хоҷагии ба номи Ленин доданд. Мо ҳамроҳи раис бо мошинҳо пасопеш ҷониби пойгоҳи нафттақсимкунӣ дар шаҳри Калининобод роҳ пеш гирифтем. Вақте ба пойгоҳ расидем, Эмомалӣ Раҳмонов меҳрубонона “писарам, роҳхатро диҳед”, – гуфта, онро барои имзогузорӣ бурданд. Директори пойгоҳ Олег гуфтанӣ як нафар рустабор буд. Олег низ нисбат ба Эмомалӣ Раҳмонов эҳтироми хос дошт ва ӯро дидан замон ба истиқболаш баромад. Баъди гирифтани маводи даркорӣ раис ба ман гуфтанд, ки акнун инро бурда, ба Абдулло (сардори шуъбаи таъминоти сӯзишворию равғанҳои молидании хоҷагии ба номи Ленин) супоред. Худ боз пайи кори дигар рафтанд.
Эмомалӣ Раҳмонов он замон ҳам бисёр пурталош буданд. Аз субҳи содиқ то дери шаб пайи сари вақт ба иҷро расондани корҳои саҳроӣ ва ё таъминоти моддию техникии хоҷагӣ пайваста саъй мекарданд. Дар маҷлисҳои ҷамъбастии ноҳия баромад намуда, баҳри мустаҳкам кардани пойгоҳи техникӣ ва дастрасии деҳқонон ба нуриҳову маводи дигар ва ба ин васила, афзоиш бахшидани истеҳсолот пешниҳодҳои муфид ироа медоштанд. Дар кори худ ва ҳадафҳои гузоштаашон мисли кӯҳҳои сарбаланди Ватан устувор буданду сабур. Ҳамин тавр, мо бо Эмомалӣ Раҳмонов тақрибан се сол ҳамкорӣ доштему ҳар рафтори ҷасуронаву ҷавонмардонаашон бароям дарси зиндагӣ ва мояи ихлос ба ӯ гардиданд. Бо рафтори нек, гуфтори нарму ҳақиқатбор ва иқдомҳои натиҷаовар ҳамаро ба худ ҷазб карда буданд.
Оғози солҳои навадум дар кишвар ҷанги хонумонсӯз оғоз ёфту ҳама парешон гаштанд. Хоҷагиҳо торафт касод мешуданд, аз ҷумла хоҷагии мо. Ҳамчунин, бо вазъияти бавуҷудомада, ки байни мардум ҳамдигарбадбиниро меафзуд, мо ногузир тарки макони зист карда, ба деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод баргаштем. Дар ин айём он ҷо на хонае обод буду на ягон шароити зист. Болои сарамон борони тиру туфанг мерехт. Ҳама дороиямро бароварда, бо умеди наҷоти фарзандон аз гуруснагӣ аз шаҳри Душанбе ду халта орд харидам. Аммо ҳангоме дар хона хостанд, аз “орд”-и харида нон пазанд, маълум шуд, ки он орд набудааст. Ба ҷойи орд дар халтаҳо гаҷ пур кардаанд. Болои ҳама азоби гурезагию оворагӣ ба доми фиреби савдогари бераҳм афтодем. Дар ин лаҳзаҳо кӯдаконам шабу рӯзро бо азоби гуруснагӣ гирёну нолон пушти сар менамуданд. Чӣ кор карданамро намедонистам.
Барои таъмини оила ҳама ба кори саҳро рӯ овардем. Ғаллакорӣ мекардем. Албатта, бо ин роҳ фақат худро аз гуруснагӣ наҷот медодем, аммо оромиро дар хоб медидем. Аз кори мактабу беморхонаҳо қариб дараке набуд. Мактаби деҳаро силоҳбадастони муштзӯр валангор карданд. Баъди аз маҳалҳо канда шудани пайи пойи онҳо дигарбора сокинон ҷамъ шуда, сохтани бинои мактабро пеш гирифтанд. Омӯзгоронро ба таълиму тарбия ҷалб намуданд.
Хушбахтона, дар ин ҳангоми нооромиҳо боз ҳам ҳамон марди шариф миёни мардум бо ҳамон чеҳраи кушодаи умедбахш ва суханони меҳрафрӯз падид омаду дар дилҳои сарду торик шуълаи умед афрӯхт. Ҳамин ки Эмомалӣ Раҳмонро аз тариқи телевизион дар минбари Иҷлосияи Шурои Олӣ бо ҳамон матонату суханронии ҷасурона ва даъватҳояш ба муттаҳидӣ дидам, бовар доштам, ки ӯ аз иҷрои масъулияти базиммагирифтааш сарбаландона мебарояд. Ҳоло Худову халқаш шоҳид, ки мо ҳама мардуми кишвар шаҳди оромиҳои овардаи ӯро мечашем. Агар замоне ҳатто аз манзили худам берун рафта наметавонистам, имрӯз ҳама ҷойи Тоҷикистон бароям чун хонаи худам роҳат аст. Дигар шак нест, ки Тоҷикистон гулпӯш асту боз ҳам зеботар мегардад, муҳимтар аз ҳама ҳеҷ кас ташвиш надорад, ки ба ӯ касе таҳдид мекунад. Ҳар қадаме, ки дар хоки поки Ватан бо ин шукуфтанҳо ва осудагиаш мегузорам, шукрона ба ҷо меорам.
Баъд аз пойдории сулҳу осоиштагӣ ва оғози сохтмони иншооти аср – НБО “Роғун” мо боз дубора аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳ ба як деҳаи тозабунёди ноҳияи Рӯдакӣ омадем. Зиндагиямон дар наздикии пойтахт таровати дигар дорад. Ба ҳама шароиту хидматрасониҳо дастрасӣ дорему ҳаёт осуда мегузарад.
Ёди хотираҳои нек аз Пешвои миллат эътирофи хидматҳои ӯ ва шахсияти нотакрор аст. Пос доштани заҳматҳояшро баҳри пойдории Тоҷикистони амну воҳид қарзи инсонию шаҳрвандӣ медонам. Дуо мекунам, ки бо инояти Парвардигор ҳамеша болои сари мардум соябон ва тандуруст бимонанд.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”