10-уми майи соли равон Артисти халқии СССР, барандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳунарпешаи барҷаста, шоҳи саҳнаи тоҷик Ҳошим Гадоев ба синни мубораки 89 мерасад. Ҳунари волову нотакрори ӯ дили ҳазорон-ҳазор шефтагони театру синаморо тасхир кардаасту ҳампешагону мунаққидони соҳа ба истеъдоди худододаш сари таъзим фуруд овардаанд. Бавижа, коршиносон Ҳошим Гадоевро дар иҷрои нақши фоҷиавӣ беҳамто медонанд.
Артисти халқии СССР, раиси вақти Иттифоқи ходимони театрии СССР, ҳунарманди шаҳири зиндаёд Кирилл Лавров (1925 – 2007) соли 1988 пас аз тамошои намоиши «Эдип» дар авҷи шефтагиву мафтунӣ Ҳошим Гадоевро бузургтарин ҳунарманди фоҷиавӣ мехонад. Ба гуфтаи ӯ, то даме ки ҳунармандоне чун Ҳошим Гадоев дар ҳаётанду нақш меофаранд, театр ҳаргиз нахоҳад мурд.
Ба ифтихори санаи фархунда – зодрӯзи шоҳи саҳнаи тоҷик, Ҳошим Гадоев боз чанде аз андешаҳои ҳамасрони устодро манзуратон мегардонем.
Худоро шукр, ки имрӯзҳо фахри миллати тоҷик, Артисти халқии СССР, профессор, барандаи ҷоизаву унвонҳои зиёд, ҳунарманди нотакрори сатҳи ҷаҳонӣ, умуман инсоне аз ғайб, Ҳошим Гадоев дар бари мост ва мо метавонем аз суҳбаташ баҳра бигирем.
Бигузор, Устод ҳамеша тансиҳату саломат бошаду солиёни зиёд бо вуҷуди худ ва таълифи китобҳои нав моро шод намояд.
Евгений Мороз, санъатшинос
ва мунаққиди соҳаи театр (Москва)
Ҳошим Гадоев ҷаҳон аст – ҷаҳони беканор, мураккаб, душворфаҳм ва пуртазод. Ӯ ҳам бо иҷрои нақше метавонад ба дил шодиву фараҳ бахшад ва ҳам қодир аст ҳамсуҳбаташро ба хашму ғазаб оварад; ӯ мардест хирадманду ҳамзамон кӯдакест содалавҳ. Ҳарчанд шуҳратёр аст, тули ҳаёти пур аз шебу фарози худ ба нокомиҳои зиёд дучор шуда.
Ин бахти мо – ҳамасрони Ҳошим Гадоев аст, ки бо нобиғае чун ӯ ҳаёт ба сар мебарему аз суҳбатҳои ширину гуворояш баҳра мебардорем. Албатта, набояд чунин мегуфтам, зеро зиндагонро нобиға гуфтан, на аз одату русуми мост. Инак, ман ин қолабро баҳри нобиғаи замон, ҳунарманди мумтоз Ҳошим Гадоев шикастам, пас, метавонед маро маҳкум кунед!
Павел Чхеидзе, журналист
Чи хушбахтист, ки дар асри ХХ дар Тоҷикистон Инсоне ба дунё омад, ки, бешубҳа, шахсиятҳое чун Эсхил, Софоклу Эврипид… Афлотуну Арасту… Фирдавсию Шекспир (!) аз ӯ ифтихор мекарданд.
Гоҳо низ ба назарам чунин менамояд, ки онҳо бо бародари гиромиям Ҳошим дар хиёбонҳои Душанбе сайругашт мекунанд.
Бар замми ин бояд арза дорам: Ҳошим Гадоев мутафаккир, файласуф ва нависандаест ҳайратангез.
Ҳошим Гадоев бузургтарин ва камназиртарин актёри сатҳи ҷаҳонист. Бе муҳобот, ӯ Шекспири тоҷикон аст.
Тимур Зулфиқоров, нависандаи маъруф
Дар олам дар иҷрои нақшҳои фоҷиавӣ танҳо англисҳоро метавон дар радифи Ҳошим Гадоев гузошт.
Александр Минкин, мунаққиди соҳаи театр, Москва
Дар Ҷопон ба ҳунармандон унвон намедиҳанд: ҳунарманде, ки маҳбуби дилҳо шуд, дороии миллат эълом мегардад. Пас аз дидани офариниши нақши Эдип дар иҷрои Ҳошим Гадоев, бо итминони комил ӯро метавон дороии миллати тоҷик ва миллати рус эътироф кард.
Михаил Чигир, директори Театри дӯстии халқҳои Москва (соли 1988)
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО