Дар уқёнуси пур аз боду тӯфон, ки он олами муосири саршор аз зиддияту буҳронҳо ном дорад, дар паҳлуи киштиҳои азими пур аз низомиву силоҳу тайёраҳои ҷангӣ, яроқҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурзан, беҳарос аз роҳзанони баҳрӣ ва наҳангу тимсоҳҳои даҳшатнок, сафинаи сабзи зебову фурӯзоне шино мекунад, ки он Тоҷикистон ном дорад. Сарнишини сафина дар талоши он аст, ки киштинишастагонаш аз боду тӯфонҳо ба соҳили саодат ба роҳат гузашта тавонанд.
Сафинаи «Тоҷикистон», вақте ба шинои мустақил баромад, чанд даҳшати тӯфониро пушти сар намуд. Алалхусус, тӯфоне ба унвони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки таҳдиди ғарқи ин сафинаро дошт, хеле махуф буд. Вале бо азму иродаи Пешво сулҳу созгории миллӣ барқарор гашт. Батадриҷ зиндагӣ ба ифоқа даромад, мавҷи азими гурезаҳои иҷборӣ ба Ватани азиз баргаштанд, гуруснагӣ ба афсонае табдил ёфт, ки имрӯз ба он қариб бовар намекунанд, мардум акнун боз Ватан доштанд ва ватандориро аз дигар эҳсос менамуданд.
Ин ҳама ҳанӯз оғози кор буд. Таҳкими давлату давлатдорӣ, дар вазъи ниҳоят ноороми ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ноил шудан ба суръати муназзами рушд, таҳия ва татбиқи барномаҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосии стратегӣ масъулияти хеле бузург ва заҳмати ҳаррӯзаро тақозо менамуд.
Ин зинаҳо батадриҷ, аз рӯйи нақшаҳои тарҳрезишуда, тай мегаштанд. Вақте зиндагӣ ба низоми муқаррарӣ ворид шуд, барои таъмини ояндаи дурахшону шукуфони миллат акнун шоҳкорие чун «Роғун»-и бемислу беназир лозим буд. Амалан, Сарвари мо аввал дили мардумро бо таҳкими сулҳ ва таъмини оромӣ, гарму рӯшан намуданд, баъд бо амали бунёди “Роғун”, ба гарму рӯшан намудани ояндаи мо пардохтанд.
Дарвоқеъ, ояндаи Тоҷикистонро, дар шароити тараққиёти босуръат, ки талаботи рӯзафзун бо барқро тақозо менамояд, бе бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” наметавон тасаввур намуд. Дар ин замина, ба хотири ободиву рушди кишвар, барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон бунёди чунин Неругоҳ амалест ҳатмиву ногузир. Ва Пешвои миллат, ки ҳамеша дар нияти ободии ин диёр ва беҳбудии зиндагии мардум аст, инро ба хубӣ дарк намуда, чун идомаи ҷонфидоиҳояшон барои миллат бобати бунёди “Роғун” ҷиддиву самимӣ тасмим гирифтанд. Ба кор оғоз намудани агрегатҳои нахустини ин Неругоҳ як тантанаи таърихии афзалияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар таърихи миллати мо бо хатти зарин сабт шудааст.
Аз мушоҳидаҳоям тайи беш аз се даҳсолаи охир ба чунин хулоса омадам, ки дар сиёсати дохилии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори мактаби худшиносии миллат шумурдан барҳақ аст. Ба ақидаи ҷомеашиносони маъруф, худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист. Дар ин замина, агар мо то худро дуруст нашиносем, соҳиби хирад гаштанамон душвор аст ва ба якдигардӯстдорӣ ва зиндагии шоиста ноил шудан тақрибан номумкин.
Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ташкил намудани Симпозиуми байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ (соли 1994), баргузории бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 1995), таҷлили Ҷашни 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (соли1996), таҷлили Ҷашни 990-солагии Умари Хайём (соли 1997), таҷлили 90- солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин мақсад буд. Ба ин васила, Сарвари давлат ба ҳар сокини кишвар фаҳмондан мехостанд, ки мо киему чи гуна бузургонро ба арсаи таърих баровардаем. Яъне, моро ба худамон наздиктар шиносо кардан мехостанд. Аз дигар тараф, ба тамоми олам мо бояд нишон медодем, ки тоҷик вориси бузургони таърихӣ ва давомдиҳандаи анъанаҳои тамаддуни таърихист.
Аз ин рӯ, ба таври шоиста ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён муаррифӣ намудани таърихи миллат ҳам боиси худшиносии насли оянда ва афзоиши эътибори миллати мо дар сатҳи ҷаҳони муосир мегардад. Аз дигар тараф, Пешвои миллати мо, имрӯз на танҳо барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд, балки вориси сазовори тамаддуни ориёӣ низ мебошанд.
Дар навтарин ҳуҷҷати сиёсии кишвар – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (16.12.2025) ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон таъкид мешавад. Дар он дастур дода мешавад, ки таърихи миллат бояд ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ гардад.
Пеш аз ин ҳам, дар асарҳои илмӣ ва баромадҳои барномавии Президенти кишвар, аз қабили асари сегонаи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (1996, 1999, 2002), «Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оғози асри XXI», «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (1996), «Наврӯз – шиносномаи миллат» Пешвои миллат зинда нигоҳ доштани тамаддуни бузурги ниёгони худ ва то ояндагони худ расондани онро масъулияти бузург маънидод намудаанд.
Дар Паёми имсола таъкиди муҳим ва муждаи нек таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз аст, ки он аҳамияти фаромиллӣ дорад.
Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе маънои онро дорад, ки мо – тоҷикон вориси асил ва асосии тамаддуни ориёием, онро эҳтиром менамоем ва пос медорем. Акнун тавассути ин марказҳо мо имкон меёбем, ки садди роҳи аз ҷониби бегонагон аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон шавем ва беҳтарин арзишҳо, суннатҳо ва чеҳраҳои мондагори худро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамто надоранд, ҳифз намоем. Дар ин марказ муҳаққиқону донишмандонро гирд оварда, ба онҳо барои анҷом додани пажӯҳишҳо дар самти таҳқиқи таърихи тамаддуни ниёгон ва муаррифии он шароит фароҳам оварда мешавад.
Пешвои миллат бо ин ташаббуси бузурги худ аҳли зиё, олиму равшанфикронро даъват менамоянд, ки бобати арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ҳиссагузор бошанд.
Моҳи декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Сарвари давлат бо хушнудӣ изҳор намуданд, ки «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад ва дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.
Яъне, агар дар Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа шуда бошад, дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар хонадони тоҷик соҳиби китоби «Шоҳнома» – ҳамосаи безаволи таърихи тамаддуни миллат гардид.
Ба тасвиб расидани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар соли 2026 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» низ аз идомаи ҳамин силсилаи таъкиди худшиносӣ ва ифтихори миллист. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2026 пешбинӣ гардидаанд, ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 2 660 000 (ду миллиону шашсаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
Дар бобати ин иқдоми наҷиб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ақида доранд: «…Мо «Шоҳнома”-ро дубора чоп ва дастраси мардуми шарафманди тоҷик қарор медиҳем, ки руҳи «Шоҳнома» ва афкору андешаҳои миллатсози ҳаким Фирдавсӣ вориди ҳар хонадони тоҷик гардида, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон худро дар назди давлати соҳибистиқлоли миллӣ масъул шуморад ва барои рушду пешрафти он тамоми неру ва тавони худро сарф намояд».
Ин тадбирҳо обрӯву нуфузи Пешвои миллатро дар байни онҳое, ки бо мо забону фарҳанги таърихии муштарак доранд боз ҳам афзунтар намуд. Масалан, аз Эрон дар ин бора чунин садое дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд: «Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки эрониён бисёр дӯсташ медоранд, дастур дода, ки ба мардуми кишвараш ду ҷилд “Шоҳнома”-и ройгон ҳадия бидиҳанд, то ба фарҳангу асолати худашон бештар ошно шаванд. Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки як ориёии воқеӣ аст ва ба эҳёи ҳофизаи таърихӣ, гиромидошти оинҳои мардумии ниёгонаш – Наврӯзу дигар ҷашнҳои суннатӣ алоқаи зиёд дорад. Дар ҳоле ки мо аз таърихи худ фаромӯш месозем, Раисҷумҳури Тоҷикистон акси бузургони илму адаб, аз ҷумла Рӯдакию Синоро рӯйи асъорашон гузошт. Муҷассамаи Куруши Кабирро дар боғҳои аслии кишвар насб ва асомии (номҳои) ғайритоҷикро ба фарзандон маҳдуд сохта, ба ҷойи он номгузории миллиро афзалият бахшид. Эътиқод ба динро ихтиёрӣ намуда, дар кишвараш рақсу шодиро ҷорӣ карда...».
Ин иртибот ва дилгармиву муҳаббат ба халқу ба миллат меҳри Пешворо дар дили халқ хеле қавӣ намудааст. Ягон вақт меҳрро ба дил на бо зӯрӣ ҷо карда мешавад ва на бо зӯрӣ аз дил гирифта. Меҳр бо гузашти солҳо дар заминаи амалу андешаҳои нек дар дил пайдо мешавад. Аз он ки маҳз бо заҳмати Пешвои муаззами миллат аз вартаи нестӣ наҷот ёфт, аз он ки давлат ба по хест, ҳар сокини кишвар батадриҷ ба зиндагии шоиста мушарраф мегардад, ҳисси худшиносии миллӣ ва обрӯи байналмилалии кишвар тақвият меёбанд, меҳри Пешвои миллат дар дили халқи тоҷик сахт ҷо гирифтааст. Ин меҳр асрҳои аср аз дили халқ зудуда намегардад ва дар ҳофизаи таърих абадӣ боқӣ мемонад.
Дар миёни қуллаҳои сарбаланд,
Сарфароз аст қуллае то бар само,
Қуллаи бахти баланди миллат аст,
Қуллае аз меҳри халқу Пешво.
Сар кашид аз обрӯву аз шукӯҳ,
Сар кашид аз нангу номуси баланд.
Қуллае, к-андар паноҳаш халқи ман,
Зиндагонӣ менамояд бегазанд.
Қуллае, ки сар кашид аз қалбҳо,
Нақш андар гавҳари чашмони мост.
Қуллае аз меҳри халқу Пешво.
Қуллаи Эмомалӣ Раҳмони мост.
Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда, барандаи Ҷоизаи
адабии ба номи Садриддин Айнӣ