Баргашт Чоп кардан

МИРЗО ТУРСУНЗОДА. КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН


5-уми май ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Академияи миллии илмҳо таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – шоири миллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гашт.
Тавре Муҳаммад Аминзод, мудири шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи Академия хабар дод, нахуст, як гурӯҳ олимону муҳаққиқон дар оромгоҳи шоир гулчанбар гузошта, аз Хона-музейи ӯ дидан карданд. Олимону муҳаққиқон зимни маросими гулчанбаргузорӣ аз хизматҳои бузурги устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти фарҳангу маънавиёти ҷомеа ёдовар шуда, аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд.
Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода зимни сухани ифтитоҳӣ дар Конференсия иброз дошт, ки шахсияти барҷаста Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик ва фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Мероси адабии устод бо фарогирии арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, дар шароити муосир низ роҳнамои ҷомеа ба сӯйи худшиносию худогоҳӣ мебошад. Устод Мирзо Турсунзода дар таҳкими равобити байналмилалӣ, муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳон ва таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми назаррас гузоштааст. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва тарғиби осори адиб яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқону донишмандон ба ҳисоб меравад.
Зикр гашт, ки осори пурғановат ва фаъолияти пурсамари Мирзо Турсунзода ҳамчун мактаби бузурги адабӣ ва маънавӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат менамояд, зеро дар эҷодиёти устод масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, арзишҳои волои инсонӣ, сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо бо маҳорати баланд инъикос ёфта, аҳамияти онҳо дар шароити ҷаҳони муосир боз ҳам бештар мегардад.


З. РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”