Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ” доир гардид. Бахши аввали фестивали мазкур дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим" сурат гирифт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз омилҳои калидии рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти устувори он ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми молиявӣ мебошад. Ҳадаф аз баргузории ин фестивал васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, муаррифии хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва, ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари бозори молиявӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва шарикони рушд тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки аз соли 2022 то имрӯз дар 31 шаҳру ноҳияи кишвар бо фарогирии зиёда аз 72 ҳазор нафар фестивалҳои «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардиданд. Дар баробари ин, аз соли 2023 то имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар саросари кишвар бештар аз 5,6 ҳазор чорабинии маърифатӣ бо иштироки беш аз 330 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ доир гардиданд. Илова бар ин, платформаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи fingram.tj ва саҳифаҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гаштанд ва барои баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ дар онҳо мунтазам маводи омӯзишӣ пешниҳод мешавад. Рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар низ ба баланд гардидани фарҳанги молиявии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026 – 2030» қабул гардида, татбиқи он бо ҷалби тамоми сохторҳои марбута ва шарикони рушд ба роҳ монда мешавад.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба зарурати омӯзиши дониши молиявӣ ва аҳамияти маърифати молиявӣ дар замони муосир ҷалб намуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои омӯзиши таҷриба, табодули андеша, шиносоӣ бо маҳсулоти нави молиявӣ ва тақвияти маърифати молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сипас, муовини раиси раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Рукмина Сафарзода, сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иқбол Бобоев, сардори блоки тиҷорати корпоративии ҶСК “Бонки Эсхата” Умарҷон Умаров ва сардори шуъбаи бозрасии департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Беҳрӯз Иззатуллоев дар мавзуъҳои “Дастрасӣ ба қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо”, “Дастгирии давлатии рушди соҳибкории занон”, “Қарзҳои сабз” ва “Пешгирии амалҳои қаллобӣ” бо рӯнамоҳо суханронӣ намуданд.
Дар доираи барномаи фестивали “Саводнокии молиявӣ”, инчунин, маросими ҷоизасупории озмуни «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор» сурат гирифт. Гуфта шуд, ки озмуни мазкур ба дастгирии соҳибкории занон, тарғиби хизматрасониҳои молиявӣ байни субъектҳои хоҷагидор, аҳолӣ ва, махсусан бонувони соҳибкор, беҳтар намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ мусоидат мекунад.
Дар озмуни мазкур ҶСП Бонки "Aрванд" сазовори ҷойи якум, ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА” ҷойи дуюм, КВД БССТ "Саноатсодиротбонк" ва ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП Бонки “Имон Интернешнл”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Ҳумо Бонк” барои иштироки фаъолона бо ифтихорнома ва панҷ нафар бонуи соҳибкори муваффақ – Муқаддас Султонова, Наргис Шерматова, Нигина Икромӣ, Истамой Мадалиева ва Гулбону Наврӯзова бо туҳфаҳои хотиравии Бонки миллии Тоҷикистон қадр шуданд.
Қисми дуюми фестивал дар боғи «Куруши Кабир» давоми рӯз бо намоиш ва ярмаркаи хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ идома ёфт ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иштирокдорони фестивал молу маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»