Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН – ӮЗБЕКИСТОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ


Робитаҳои байналмилалӣ - ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, пас аз мустақил гардидани давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар ба вуҷуд омадааст. Пайванди дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду халқи ба ҳам наздики тоҷику ӯзбек таърихи басе тулониву ғанӣ дошта, саршор аз муҳаббату қадрдонӣ ва арҷгузорӣ мебошад.
Вақте сухан дар бораи муносибатҳои ду миллати дӯсту бародар – тоҷику ӯзбек меравад, мо ҳатман Абдураҳмони Ҷомиро бо Алишер Навоӣ мисол меорем. Ба ҳамин монанд, дар давраи ҷаҳонишавӣ ду чеҳраи дигари сиёсату таърих, маданияту фарҳанги ҳар ду миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳастанд, ки дар даврони навин ва соҳибистиқлолӣ асоси сиёсати нави бародаронаи ду давлатро барқарор карданд ва мо имрӯз натиҷаи онро хуб эҳсос мекунем.
Мавриди зикр аст, ки 22-юми декабри соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардида буданд. Аз соли 1995 Сафорати кишвари мо фаъолияти худро дар шаҳри Тошкент оғоз кард ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ Сафораташро дар шаҳри Душанбе боз намуд. То имрӯз миёни ҳар ду кишвар як қатор созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки ҳамкориҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангиро фаро мегиранд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 метавон оғози марҳалаи нави муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуд. Дар натиҷаи ин сафар 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Мақсад гузошта шуд, ки дар оянда ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллари ИМА расонда мешавад. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар 9 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд. Як санади муҳими дигаре, ки дар доираи ин сафар ба имзо расид ин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ ба шумор меравад.
Бо сафари давлатии ҷавобӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17-18-уми августи соли 2018 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни ин сафар Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав баровард.
Дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16-уми августи соли 2018 дар шаҳри Тошкент форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он 11 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 106 миллион доллари ИМА дар соҳаҳои хӯрокворӣ ва энергетикӣ ба имзо расид.
Бо мақсади густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-27-уми марти соли 2026 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар доираи ин сафар маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷониби сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Куксарой сурат гирифт. Зимни ин маросим ба оғози корҳои сохтмонии 7 иншоот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуд. Ҳамчунин, дар доираи ин маросим роҳбарони давлатҳо барои ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншоотҳои муштарак, аз қабили лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти консервашуда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, иҷозат доданд. Дар маҷмуъ, дар маросими маҷозӣ барои татбиқи 12 лоиҳа ва бунёди иншоот расман иҷозат дода шуд, ки маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари ИМА ва 5 лоиҳаи дар Ӯзбекистон амалишаванда 63 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла санадҳои бунёдӣ ва тақвиятдиҳандаи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ба имзо расиданд. Санадҳои зерини баимзорасидаро метавон ном бурд, ки ба масоили кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, аниқтараш ба соҳаҳои ҳамкориҳои илмӣ, тақвияти соҳаи кишоварзӣ, воридоти тухмиҳои хушсифат, мубодилаи таҷриба вобаста ба навовариҳои нави техникӣ ва кишти рустаниву ғалладонагиҳо, хушзоткунии чорво, тақвият бахшидани ҳамкориҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии ҳар гуна эпидемияҳо ва бемориҳои инсон, ҳайвонот ва рустаниҳо ва дар маҷмуъ, ба таъмини амнияти озуқавории ду кишвар дахл доранд. Аз қабили имзои санади ҳуқуқии заминавӣ – Харитаи роҳ доир ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2026 – 2028, Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб.
Дар доираи ин сафар роҳбарияти олии ду кишвар ҷиҳати ба 2 миллиард доллари ИМА расондани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Барномаи зиёд намудани гардиши мол то 2 миллиард доллари ИМА миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон то давраи соли 2030 ва Барномаи ҳамкории саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба имзо расонданд.
Ғайр аз ин, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 24-уми марти соли 2026 дар шаҳри Ҷиззах Форуми дуюми байниминтақавии Тоҷикистон –Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар натиҷа як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши агросаноатӣ, ба тасвиб расиданд.
Ҳоло аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, асосан, техникаи маишӣ, хушкмева ворид мешавад ва аз кишвари мо ба Ӯзбекистон ашёи хом, меваю сабзавот ва ғайра содирот мегарданд.
Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистон амнияти озуқавории мамлакатро дар сатҳи 85 дарсад таъмин намудааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025, қайд намуда буданд.
Ҳамин тавр, зимни таҳлили рушди муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду давлати дӯст дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ба мо маълум гардид, ки ҳамкориҳо дар ҳолати рушд қарор дошта, соҳаҳои гуногун, аз ҷумла чорводорӣ, парандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ, тухмипарварӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк, машрубот, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, обҳои ташнагишикан, истеҳсоли маҳсулоти консервашуда, мубодилаи таҷриба вобаста ба навовариҳои нави техникӣ ва кишти рустаниву ғалладонагиҳо, пешгирии паҳншавии ҳар гуна эпидемияҳо ва бемориҳои инсон, ҳайвонот ва рустаниҳоро дар бар мегирад. Тамоми дастовардҳо ва робитаҳои дӯстии давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти олии ду кишвари бародар сарчашма мегиранд.


Некрӯз ҚОДИРОВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,
Муҳаммад ҚУРБОНЗОДА,
докторанти PhD-и соли сеюми кафедраи ҳуқуқи
байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ