Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. ҚАДРДОНӢ АЗ ИШТИРОКЧИИ ҶБВ


Дар арафаи Рӯзи Ғалаба гурӯҳи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба аёдати ягона иштирокчии ин ҷабҳаи нангу номус дар пойтахт Бозор Нағзибеков рафтанд.
Ба ӯ кумакҳои молӣ, аз ҷумла 50 ҳазор сомонӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25 ҳазор сомонӣ аз номи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва 12 500 сомонӣ аз номи роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳр тақдим шуд.


ХАТЛОН. ҚАДРШИНОСИИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГ РИСОЛАТИ ҶОМЕА АСТ
7-уми май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид якҷо бо намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) Сафаралӣ Файзалиев рафтанд.
Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорони ҷанг ва меҳнат ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва хизматҳои таърихии онҳо дар ҳифзи сулҳу озодӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд.
Ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Сарвари давлат 50 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби раиси вилоят 15 ҳазор сомонӣ ва аз номи раиси шаҳри Бохтар 10 ҳазор сомонӣ тақдим гашт.


СУҒД. БАРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ 440 000 СОМОНӢ ҶУДО ГАРДИД
Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба, ки ҳар сол 9-уми май таҷлил мегардад, дар вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд.
Чорабинии вилоятӣ 8-уми май бо иштироки роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорон ва сокинон баргузор шуд.
Айни замон дар вилоят ду иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳар ду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд. Ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 000 сомонӣ ва аз ҷониби раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода 25 000 сомонӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, ба 39 иштирокчии ақибгоҳ низ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"