Офати табиие, ки бар асари омадани боришоти зиёд дар шаҳри Кӯлоб боиси талафоти молию ҷонӣ гардид, на танҳо сокинони мамлакат, балки мардуми кишварҳои ба мо дӯстро низ ғамгин сохт.
Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе ба зарардидагони сели рӯзи якуми май дар шаҳри Кӯлоб рухдода, чунин изҳори тасаллият кардааст: “Аз марги фоҷиабори одамон ва осебе, ки аз боришоти шадид ва ҷараёни сел дар шаҳри Кӯлоб ба вуҷуд омадааст, сахт ғамгинем. Мо бо наздикону пайвандони фавтидагон ғамшарикем ва аз Худованд барои захмиёну ҷабрдидагон шифои оҷилу комил хоҳонем”.
Алҳол дар минтақаҳои аз сел осебдидаи мамлакат ҷиҳати тоза намудани манзилҳои истиқоматӣ, барқарорсозии иншооти зарардида ва таъмини аҳолии зарардида бо маводи зарурӣ чораҳои фаврӣ амалӣ шуда истодаанд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”