Баргашт Чоп кардан

7-УМИ МАЙ. РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА


Воқеан, барои кормандони ин соҳаҳои ҳаётан муҳим боиси сарфарозист, ки иди муайяни касбӣ доранд. Чунин таваҷҷуҳи хос собит менамояд, ки давлату Ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон заҳмати кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқаро дар пешбурд ва таъмини амнияти иттилоотӣ ба таври ҳамешагӣ қадр менамоянд.
Самараи истиқлоли давлатист, ки имрӯз дар кишвари мо 32 шабакаи телевизионӣ ва даҳҳо шабакаҳои радиоӣ шабонарӯзӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар ба бинандаву шунавандагони худ навид мерасонанд. Ба шарофати пешрафти илму техника, садои радиову телевизиони Тоҷикистонро имрӯз на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки тавассути моҳвораҳо дар аксари кишварҳои ҳамҷавору ба мо дӯст мебинанду мешунаванд.
Телевизион ва радио дар баробари иҷрои рисолати азалии худ – тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, тарбияи ҳисси хештаншиносиву ватандӯстӣ ва ҳифзи марзҳои маънавии Тоҷикистони азиз, имрӯз ба мубаллиғи беминнати дастовардҳои замони истиқлол, хосса талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфта, миёни мардум аз эҳтиром, эътимод ва ҷойгоҳи махсуси иҷтимоӣ бархурдор аст.
Кормандони соҳаи алоқаи кишвар низ чун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иттилоотӣ дар ин самт беш аз ҳар вақти дигар талош меварзанд, то дар замони зудинкишофёбандаи технологӣ дар иҷрои вазифаҳои бардӯшдоштаашон ба дастовардҳои ояндасоз муваффақ бошанд. Ин аст, ки имрӯз соҳаи алоқа ба набзи дили Тоҷикистони муосир табдил ёфтааст. Қабул гардидани Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 худ гувоҳи он аст, ки соҳаи мазкур ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Бо истифода аз фурсат, аз номи ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” кормандони соҳаи алоқа ва ҳамкасбонамонро аз телевизион ва радио бо иди касбиашон шодбош гуфта, дар иҷрои рисолати ҳувиятсозияшон комёбиву муваффақият таманно дорем.
Рӯзи иди касбӣ муборак ҳамсангарони азиз!
“Ҷумҳурият”