Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла тоҷикон, давраи санҷиши ҷиддии ирода ва муҳаббат ба Ватан буданд. Дар он айём ҳазорон нафар фарзандони Тоҷикистон ба ҳимояи сарзамини худ бархоста, бо шуҷоату матонату мардонагӣ дар майдонҳои набард ном бароварданд. Имрӯз, бо гузашти беш аз ҳашт даҳсола аз он рӯзҳои пурошӯб, хотираи он қаҳрамониҳо ҳанӯз ҳам зиндаву таъсиргузор боқӣ мондааст.
Дар вилояти Суғд имрӯз танҳо ду нафар аз иштирокдорони ҷанг дар қайди ҳаётанд. Ҳар ду сокини ноҳияи Деваштич буда, синни садсолагиро убур кардаанд. Гарчанде солҳо гузаштаанд, сарнавишти онҳо барои насли имрӯз дарси бузурги зиндагист.
Яке аз ин мардони рӯзгор Бибола Рӯзиматов мебошад. Ӯ 15-уми июни соли 1924 дар деҳаи Гулобод таваллуд шудааст. Ҷавони одии деҳотӣ буд, ҳанӯз таҷрибаи зиёди зиндагӣ надошт, вале роҳи ҷанг пешорӯяш омад. Дар сафи ҷанговарон дар озодсозии чандин деҳаву шаҳрҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва кишварҳои зери юғи асорати фашистон монда саҳм гузошта, рӯзи пирӯзиро дур аз Деваштич истиқбол гирифт. Баъди анҷоми ҷанг ба зодгоҳ баргашта, дар хидмати Ватан камар баст ва то ба нафақа баромадан дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузошт. Ватандӯстиву матонати Бибола Рӯзиматов бо ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаҳои I ва II, медалҳои зиёди ҷангӣ қадр шудааст. Имрӯз, сарфи назар аз мушкилоти синну сол, ӯ бо руҳи болида зиндагӣ мекунад. Барои ин марди рӯзгор арзишҳои асосӣ оила, сулҳ ва оромианд.
Нозим Носиров соли 1925 таваллуд шудааст. Ӯ аз ҷумлаи он мардонест, ки дар айёми сахти ҷанг бе дудилагӣ роҳи ҷабҳаро пеш гирифт. Дар сафи ҷанговарон вазифаи пурмасъулро ба уҳда дошт, пулемётчӣ буд. Борҳо дар муҳорибаҳои шадид иштирок кардааст. Ҷароҳат ҳам натавонист иродаи ӯро бишканад, баъди табобат дубора ба майдони набард баргашта, то пирӯзӣ муборизаро идома дод.
Имрӯз ӯ дар ҳалқаи наздиконаш ҳаёти оромона дорад ва таҷрибаи зиндагии пурмоҷарояшро ба наслҳои ҷавон нақл мекунад.
Гуфтанист, ки аз ноҳияи Деваштич барои озодии Ватан аз фашистони истилогар 4560 нафар сафарбар шуда буд. Аз ин шумора 2100 ҷанговар ба зодгоҳи хеш баргашт. Сарбози шуҷоъ Ӯрунбек Ёқубов ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ мушарраф шудааст.
Саргузашти онҳо ба мо ёдрас мекунад, ки ватандӯстӣ ҷоннисорӣ ва садоқат аст. Ҳифзи сулҳ ва қадршиносии таърих бошад, вазифаи муқаддаси насли имрӯз мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”