Баргашт Чоп кардан

МАКТАБИ ҶАСОРАТ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРӢ


Рӯзи 9-уми май дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рамзи пирӯзии адолат бар зулм, рӯшноӣ бар торикӣ ва озодӣ бар асорат бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 на танҳо имтиҳони сангини низомӣ, балки набарди ирода ва худогоҳӣ буд.
Барои мо, тоҷикистониён, ин сана танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, иди хотираи неки фарзандони содиқи Ватан аст, ки дар набардҳои шадид зидди фашизм ҷони худро дареғ надоштанд. Пайванди ин ғалаба бо худогоҳии миллӣ имрӯз барои таҳкими пояҳои давлатдории мо аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Иштироки фаъоли зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг ва фидокории онҳо дар ақибгоҳ нишонаи олии ватандӯстӣ буд. Ин қаҳрамонӣ маҳз аз ҳисси баланди худшиносӣ сарчашма мегирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши таърихии ин сана ва ҷойгоҳи он дар тарбияи насли ҷавон чунин таъкид намудаанд: «Мо бо ифтихор мегӯем, ки дар таъмини ғалаба бар фашизм саҳми фарзандони Тоҷикистон низ хеле назаррас мебошад. Таҷлили ин санаи таърихӣ барои насли ҷавони мо дарси ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ ба шумор меравад».
Саҳми фарзандони Тоҷикистон исбот кард, ки миллати тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассос метавонад муттаҳид шавад. Ин ваҳдат дар асоси ифтихор аз таъриху фарҳанги худ шакл гирифта буд.
Ҳар як тоҷик дарк мекард, ки ҳимояи марзу буми давлат ҳимояи хонаву дар ва номуси миллати худи ӯст. Ин эҳсоси масъулият пойдевори худогоҳии миллиро дар шароити нави таърихӣ мустаҳкам намуд.
Барои он ки корномаи ниёгон дар шуури насли имрӯза нақш бандад ва боиси болоравии ҳисси ватандӯстии онҳо гардад, бояд дар муассисаҳои таълимӣ бештар дар бораи корнамоиҳои ҷангии қаҳрамонони ҳамон шаҳру ноҳияву деҳаҳо маълумот дода шавад.
Ба ҷавонон фаҳмонидан зарур аст, ки ки ғалаба дар ҶБВ на танҳо пирӯзӣ бар фашизм, балки оғози даврони созандагӣ ва заминаи соҳибистиқлолии мо мебошад.
Ғалаба бар фашизм барои миллати тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Мо бояд дарк кунем, ки худогоҳии миллӣ бидуни эҳтиром ба гузашта ва омӯхтани сабақҳои таърих имконнопазир аст. Иди ғалаба ба мо ёдрас мекунад, ки сулҳу озодӣ қимати гарон доранд ва ҳифзи онҳо, ки имрӯз дар дасти ҷавонони мост, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.


Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент