Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин уммеди ин уммедворон зинда бод!
Лоиқ
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ басе модарон дар орзуи бозгашти писарон аз майдони ҷанг буданд ва бештари онҳо ҳасрати дидор бо ҷигаргӯшаи хешро ба хок бурдаанд. Чунин мисолҳо зиёданд, мисоли зиндаи он муҷассамаи модар – Санди Денгелбойқизи дар вилояти Атирауи Қазоқистон мебошад. Он ҳамчун рамзи модароне, ки писарони сарбозашон аз ҷанг барнагаштанд, қомат афрохтааст. Ин модар дар давоми сӣ соли охири умр ҳар рӯз ба истгоҳи роҳи оҳан омада, аз қатора фаромадани писари ягонаашро умед дошт. Писари ӯ Набӣ ном дошта, ҳанӯз сентябри соли 1942 ба фронт рафта буд. Аз писараш ҳамагӣ як мактуб гирифта буд, ки дар он дар муҳорибаи Сталинград иштирок карданашро навишта буд. Ба модар Санди аввали соли 1943 хабар омад, ки писараш бе нишон гум шудааст, аммо модар то 95-солагӣ, то соли 1973 интизори бозгашти фарзанд буд. Ҳар рӯз дар зарфи сӣ сол ба умеди он ки писарашро бинад, ҳаво хоҳ гарм, хоҳ сард, ба истгоҳи Макат мерафт, аммо...
Аз Тоҷикистон низ ҷавонмардони боумеду ҷасур барои набард бо душмани башар, фашистони бетараҳҳум ба сафҳои артиши шуравӣ даъват шуданд. Ин ҷо намунае аз рӯзгори модари тоҷик, ки писари ягонааш ба ҷанг рафта буд, меорем. Ин қисса собит мекунад, ки гоҳе руъёву умеду орзуҳо, бахусус, умеди модарони софдил ба ҳақиқат табдил меёбад.
Соли 1939 Худойдод Шодиев аз деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ (то соли 1955 Заҳматобод) дар ҷанги Иттиҳоди шуравӣ бо Финляндия иштирок кардааст. Аввали фасли тобистони соли 1941 ба рухсатӣ баромада, ба Ватан баргашт. Аз рухсатӣ чанд рӯз гузашту ӯро фаврӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳия даъват карданд, чунки бо сабаби саршавии ҶБВ ба қисми ҳарбӣ даъват шуд. Мувофиқи нақли Худойдод Шодиев, ӯ дар дивизияи кавалерӣ хидмат кард. Дар рафти амалиёти ҳарбӣ дар Украина ва Бессарабия иштирок намуда, пас аз ҳафт сол, яъне соли 1948 ба зодгоҳ баргашт.
Муддати ҳафт сол модараш Ойишаи ҳаштодушашсола чашм дар роҳи писар буд, ки кай бармегашта бошад. Чун он солҳо дар деҳа роҳи автомобилгард набуд ва мардум тавассути ағба ба роҳи калони автомобилгард мерафтанд. Дар сари ин роҳ санги калоне буд, ки аз ҳамон солҳо бо номи Санги Ойиша маъруф гаштааст. Аҷобат дар он аст, ки санг дар вақти ҳавои гарм соя дошту дар вақти боридани барфу борон сарпаноҳи беминнатро мемонд. Модари 86-сола то 93-солагӣ бо умед то назди санг, сари роҳи асосӣ мебаромаду чашм дар роҳи бозгашти писари ягона аз фронт соатҳо менишаст. Ногуфта намонад, ки аз хона то он мавзеъ роҳи ҳамвор набуда, дар баландӣ буд. Зери лаб пичиррос мезад: “Шояд имрӯз Худойдод баргардад...” Асозанон “Ҳа, Худойдод имрӯз ҳам наомад, пагоҳ меомадагист...” гӯён ба хона бармегашт.
Дар яке аз рӯзҳои моҳи майи соли 1948, баҳор, модар боз ба умеди бозгашти фарзанд назди ҳамон санг рафтаву интизорӣ мекашид. Офтоб ба ғуруб наздик шуду модар хост ба хона баргардад, аммо дар ҳамин лаҳзаҳо аз дур шахсе бо либоси низомӣ ба тамкин қадам зада, наздик меомад. Ин ҳамон Худойдод буд, ки пас аз адои хидмати низомӣ бо рӯи сурху сари баланд ба зодгоҳ бармегашт. Модар дар роҳ ӯро интизор буд. Чун Худойдод пай бурд, ки модараш сари роҳ интизори ӯст, қадамҳояшро тезтар гузошта, сӯйи модар давид. Чун Худойдод наздик шуд. Модар "Худойдод, Худойдоди ман омад!!!" – гӯён фарзандашро бо оғӯш кашидаву ашки шодӣ мерехт.
Ҳаво он рӯз гарм буд. Модару писари солҳо муштоқи ҳам, гашта муддате дар сояи санг нишаста суҳбат карданд. Хумори дидор мешикастанд. Насими форами баҳор бо бӯи гулу гиёҳ ба машом мерасид. Худойдод пас аз ҳафт соли дурӣ ба манзараҳои диловези зодгоҳаш Мадм, хусусан, қуллаҳои барфпӯши кӯҳи Чилмеҳроб, арчаҳои сарсабзи Сияҳбурсо ва боғҳои доманакӯҳҳои Даҳани Сӯхтаҳо назар афкандаву лаззат бурда, ба сӯи хонаи падарӣ рафтанд. Шодию нишоти хешовандон ва ҳамсояҳову ҳамдиёронро ҳадду канор набуд. Назари модар ҳар лаҳза ба фарзанд меафтод ва мегуфт: “Писарам, Худоро шукр, ки зиндаву саломат баргаштӣ. Парвардигор маро ноумед накард, шукр!”.
Мурод ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори МТМУ №20, деҳаи Мадм, ноҳияи Айнӣ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон