![]()
9-уми май дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии “Синхуа”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабарнигор атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чин, муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду давлат, дастовардҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай, робитаҳои Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби ин Созмон, самараи иқдоми муштараки бунёди “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим”, вазъи амну субот ва рушд дар минтақаву ҷаҳон, тавсеаи робитаҳои гуманитарии ду кишвар, аз ҷумла дар марказҳои Конфутсий ва Коргоҳи Лю Бани Чин дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ посух доданд.