Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ЗОУ ҶИАЙИ


11-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) хонум Зоу Ҷиайи вохӯрданд.


Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахш баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Бонкро дар пешбурди лоиҳаҳои муҳими зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда, ба роҳбарияти он барои дастгирии пайваста аз раванди рушди устувори кишвари мо арзи сипос намуданд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли технологияи рақамӣ, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, “технологияи сабз” ва кишоварзӣ, зоҳир гардид.
Тавре зикр шуд, ҳоло дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ татбиқ мешаванд, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо аз ҷониби Бонк 400 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар фарҷоми мулоқот нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид, ки барои татбиқи он ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллар пешбинӣ мегардад.


ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ГОХУА
11-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуа вохӯрданд.


Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, бахши бонкӣ, саноат ва соҳаи кӯҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба роҳандозии ҳамкории судбахш алоқамандии худро таъкид доштанд.