Баргашт Чоп кардан

ВОХӮРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ҶАО ЛЕҶИ


Дар шаҳри Пекин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷи мулоқот намуданд.


Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ номида, таъкид доштанд: “Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем”.
Рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, заминаи устувори шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар давраи нав арзёбӣ гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол гирифтанд.
Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорисозии технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва «саноати сабз», рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак баррасӣ гардиданд.


МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ЛИ СЯН
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шурои давлатии ин кишвари дӯст ҷаноби Ли Сян мулоқот намуданд.


Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”.
Тавре зикр гардид, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи қариб 46 дарсад афзуда, сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007 – 2024 ба наздики 6 миллиард доллари ИМА расидааст, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад.
Фаъолияти босамари беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ далели равшани сатҳи баланди эътимоди доираҳои соҳибкории ду кишвар ба ҳамдигар номида шуд.
Зикр гашт, ки сармоягузории Чин дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ рӯ ба афзоиш аст.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи чинӣ барои татбиқи тарҳу барномаҳои рақамикунонӣ ва ҷорисозии зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рушди иқтисод, энергетика ва «саноати сабз» низ манфиатдор мебошад.
Гуфтугӯи судманд атрофи идомаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, ба мисли энергетика, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, таъсиси парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии ду кишвар дар Тоҷикистон, ҳамчунин, дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак доир гардид.