Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ ҒОЛИБИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЯК МАТОЪ ВА САД РАНГ”


7-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъ ва сад ранг» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир гардид.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон, дар Фестивал шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ҷойи дуюм ва шаҳри Ҳисору ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм шуданд. Инчунин, ба иштирокчиёни фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Зимни маросими ҷоизасупорӣ Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири кишвар, иброз дошт: “Баргузории Фестивал-озмун яке аз тадбирҳои муҳим дар самти гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ мебошад. Он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, чакандӯзию зардӯзӣ дар матоъҳои ватанӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона равона гардидааст".
Воқеан, Фестивал бори дигар собит намуд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дорои рангорангӣ, зебоӣ ва арзишҳои беназир мебошад ва ҳифзу рушди он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Ёдовар мешавем, ки ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимии маҳал, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷуроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш, беҳтарин навори видеоӣ (ролик аз фаъолияти тарроҳ – ҳунарманд, ки дар Фестивал иштирок дошт), муайян ва қадрдонӣ шуданд.
Шоҳҷоизаи Фестивал – озмунро тар-роҳ Шаҳноза Ахмедова сазовор гардид.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”