![]()
Бардошт аз натиҷаҳои сафари Пешвои миллат ба Пекин
Имрӯз ҷаҳон ба марҳалаи нави рақобати иқтисодӣ ва технологӣ ворид гардидааст. Рушди босуръати зеҳни сунъӣ, навсозии низомҳои энергетикӣ, афзоиши талабот ба маъданҳои стратегӣ ва густариши иқтисоди рақамӣ нишон медиҳанд, ки марказҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ тадриҷан шакл мегиранд. Дар чунин шароит Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дигар танҳо минтақаи транзитӣ ё манбаи захираҳои табиӣ нест, балки ба яке аз ҳалқаҳои муҳими иқтисоди нави ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Дар ин муҳит арзиши стратегии давлатҳо акнун танҳо бо ҳаҷми захираҳои табиӣ муайян намешавад. Имрӯз нуфуз ва мавқеи кишварҳо бештар аз сатҳи рушди технологӣ, иқтидори саноатӣ ва қобилияти ҳамгироӣ ба занҷираҳои байналмилалии истеҳсолӣ ва рақамӣ вобаста гардидааст.
Маҳз аз ҳамин нуктаи назар аҳамияти инфрасохтори рақамӣ низ ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад. Агар дар асри гузашта нақши калидиро долонҳои нақлиётӣ ва захираҳои энергетикӣ мебозиданд, имрӯз инфрасохтори рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии рақобатпазирӣ ва нуфузи иқтисодӣ табдил ёфтааст. Аз ҳамин дидгоҳ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар доираи сафари давлатии Сарвари давлат бояд на танҳо ҳамчун густариши муносибатҳои иқтисодӣ, балки ҳамчун қадами муҳими ҳамгироии Тоҷикистон ба меъмории нави иқтисодӣ ва технологии Авруосиё арзёбӣ шаванд.
ТАМОЮЛҲОИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ: АЗ ИНФРАСОХТОРИ ФИЗИКӢ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ
Солҳои охир муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин нишон медиҳанд, ки ҳамкориҳои ду кишвар ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид шудаанд. Агар қаблан ҳамкориҳо, асосан, ба бунёди роҳҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти инфрасохторӣ такя мекарданд, имрӯз самти асосии ҳамгироӣ тадриҷан ба рақамикунонӣ, индустриализатсия ва технологияҳои пешрафта мегузарад.
Ин раванд бозгӯи он аст, ки ҳамкориҳои ду кишвар аз модели анъанавии инфрасохтори физикӣ ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ гузариш мекунанд. Тоҷикистон имрӯз кӯшиш дорад на танҳо ба бозори истеъмолии технологияҳои хориҷӣ табдил ёбад, балки тадриҷан ба қисми муҳими занҷираҳои минтақавии технологӣ ва истеҳсолӣ ворид гардад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари давлатии Президенти кишвар имзои созишномаҳо дар соҳаи IT ба маблағи 647 миллион доллар дар доираи Форуми технологии Пекин гардид. Ин иқдом нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои ду кишвар акнун бештар ба бахшҳои технологӣ ва рақамӣ равона мешаванд.
Дар ҷараёни сафари Роҳбари давлат, дар доираи ташаббуси «Роҳи абрешими рақамӣ», масъалаҳои густариши шабакаҳои 5G, рушди технологияҳои абрӣ ва бунёди марказҳои додаҳо баррасӣ гардиданд. Ин лоиҳаҳо метавонанд Тоҷикистонро ба шабакаҳои рақамӣ ва логистикии байни Осиёи Шарқӣ ва Аврупо пайваст намоянд.
Дар ин раванд нақши технологияҳои муосир, бахусус зеҳни сунъӣ, аҳамияти калидӣ пайдо мекунад. Бино ба гузоришҳои васоити ахбори оммаи Чин, аз ҷумла CGTN, ҷонибҳо татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар як қатор самтҳои стратегӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд: дар бахши кишоварзӣ ҷорӣ намудани системаҳои мониторинги рақамӣ, дронҳо ва технологияҳои идоракунии интеллектуалии захираҳои об; дар соҳаи логистика истифодаи додаҳои калон (Big Data) ва автоматикунонии равандҳои гумрукӣ, ки метавонад суръати гардиши молро дар доираи ташаббуси «Роҳи абрешими рақамӣ» афзоиш диҳад, баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар бахши саноати истихроҷ ба истифодаи системаҳои интеллектуалии назорат ва автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва амнияти истеҳсолот аҳамияти махсус дорад.
ЗАХИРАҲО ВА САНОАТИКУНОНӢ: ТАҒЙИРИ МОДЕЛИ ИҚТИСОДӢ
Дар шароити рушди босуръати истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва технологияҳои пешрафта, аҳамияти маъданҳои стратегӣ – литий, сурма ва металлҳои нодир – дар ҷаҳон, бахусус Чин, рӯ ба афзоиш аст. Тоҷикистон дар ин самт дорои захираҳои назаррас мебошад, ки метавонанд ба яке аз омилҳои муҳими рушди саноатии кишвар табдил ёбанд. Бо ҳамин сабаб, дар музокирот масъалаҳои истифодаи захираҳо ва саноатикунонӣ ҷойгоҳи муҳим дошт. Аммо фарқи асосии ҳамкориҳои кунунӣ аз моделҳои қаблӣ дар он аст, ки ҳамкорӣ дигар танҳо ба содироти ашёи хом маҳдуд намешавад. Роҳбари давлат бештар ба рушди коркард ва ташаккули истеҳсолоти дорои арзиши иловашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар ин замина, тарафҳо ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Ин раванд метавонад ба саноатикунонии иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави кор ва ташаккули пойгоҳи истеҳсолии муосир мусоидат намояд.
Ҳамзамон, рушди «энергетикаи сабз» ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба бахши энергетика заминаи устувори рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва технологиро фароҳам месозад. Ин тамоюлҳо бо Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2025 – 2030 ҳамоҳанг мебошанд. Таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак ва марказҳои коркарди додаҳо нишон медиҳанд, ки Чин тадриҷан ба шарики стратегии технологӣ дар ташаккули иқтисоди рақамии Тоҷикистон табдил меёбад.
УСТУВОРИИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ГЕОИҚТИСОДӢ: ТАВОЗУН ДАР ШАРОИТИ БЕСУБОТӢ
ВАО-и давлатии Чин, аз ҷумла "Xinhua", нақши Тоҷикистонро дар доираи Ташаббуси ҷаҳонии амният (GSI) бештар таъкид мекунанд. Аз нигоҳи стратегӣ, сафари мазкур барои Тоҷикистон аҳамияти бисёрсамта дорад ва ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим мусоидат менамояд.
Дар ҳамин замина, аз ҷумла рушди босуръати ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба Тоҷикистон имконияти васеътари муносибати мутавозинро дар сиёсати бисёрсамта фароҳам меорад. Афзоиши рекордии гардиши савдо дар ҳаҷми 152,7 фоиз дар семоҳаи аввали соли 2026 нишон медиҳад, ки Чин тадриҷан ба яке аз сармоягузорони калидӣ ва шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон табдил меёбад. Ин раванд мавқеи иқтисодии кишварро тақвият дода, қобилияти онро барои нигоҳ доштани тавозуни геоиқтисодӣ дар фазои минтақавӣ бештар месозад.
Аҳамияти стратегии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин низ маҳз дар ҳамин замина зоҳир мегардад. Тавофуқҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон кӯшиш дорад манфиатҳои дарозмуддати иқтисодии худро бо меъмории ташаккулёбандаи иқтисодӣ ва технологии Авруосиё ҳамоҳанг созад ва мавқеи худро ҳамчун шарики муҳими саноатӣ, энергетикӣ ва технологӣ дар минтақа тадриҷан таҳким бахшад.
Моҳира САНГМАҲМАДЗОДА,
«Ҷумҳурият»