![]()
![]()
Идомаи сафари давлатӣ
12-уми май сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.
Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо шиносоии сарварони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
Ба ифтихори меҳмони олимақом, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ, аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик парронда шуд.