12-уми май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги ғанию бостонии мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Чин дар шаҳри Пекин дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ” гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидонро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамроҳӣ карданд.
Мулоқоти Пешвои миллат бо Гун Сихуан
12-уми май дар шаҳри Пекин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан вохӯрданд.
Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин таҳсил менамояд.
Барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии Чин изҳори ҳавасмандӣ гардид.
Дар зимн, раёсати Донишгоҳ бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки ҳар сол барои донишҷӯёни тоҷик 10 бурсия ҷудо намояд.
Сарфарозгардонии Пешвои миллат бо унвони Профессори фахрӣ
12-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати Донишгоҳ самимона истиқбол гирифт.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба маълумоти ҳозирин расонд.
Бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва, бахусус, ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим, дар фазои тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супурда шуданд.