6-уми майи соли 2026 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе аксияи тарғиботиву ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
Дар он бонувони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, зебоӣ ва асолати либоси миллии тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар саросари кишвар роҳандозӣ гардидааст ва ҳадафи асосии он арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву тақвияти муқовимат ба таъсири фарҳанги бегона мебошад.
Ширкаткунандагони аксия, бахусус бонувони мақомоти гумрук, бо сарулибоси миллӣ аз матоъҳои ватании атласу адрас, чакан ва дигар намудҳои дастдӯзӣ дар фазои Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» сайругашт намуда, таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба фарҳанги либоспӯшии миллӣ, ҳунари чевариву ҳунармандии тоҷикона ҷалб намуданд.
Зимни иштирок, бонувони Хадамоти гумрук ба духтарони ҷавон бозгӯ намуданд, ки либоси миллӣ яке аз унсурҳои муҳими фарҳангамон буда, муаррифгари симои маънавии миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мегардад.
Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки зан – модари тоҷик дар баробари иҷрои масъулияти пуршарафи давлатӣ, ҳамзамон, посдори арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон мебошад.
Боиси зикр аст, ки аксияи «Тоҷикона мепӯшем» тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ роҳандозӣ гардида, ҳамасола бо шукӯҳи хос баргузор мегардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”