Баргашт Чоп кардан

ҶОМЕА. АЗ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК ТО ТАЪМИНОТ БО ҒИЗОИ СОЛИМ


Дар замони истиқлоли давлатӣ бо назардошти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон иқдомоти назаррас амалӣ шуда, бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии онҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам гардиданд. Дар ин робита, аз тарафи мақомоти салоҳиятдори давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегия ва барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудаанд, ки то кунун натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд.
Таҳлилҳои ихтисосӣ нишон медиҳанд, ки солимии миллат, аз ҷумла кӯдакон, дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад, зеро он яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки солимии кӯдак аз истеъмоли дурусти ғизои тавсияшаванда вобастагии зиёд дорад, зеро дар синни кӯдакӣ талабот ба моддаҳои ғизоӣ зиёд шуда, ба инкишофи онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Махсусан, талабот ба сафеда, витамин ва микроэлементҳо зиёд мебошад. Ин гуна маводи ғизоӣ дар шароити ҷумҳурии мо хело фаровон мебошад ва истеъмоли дурусти он ба ташакулли организм манфиатбахш аст.
Бинобар ин, мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки кӯдак дар як рӯз бояд аз се то чор маротиба хӯроки гарм истеъмол намояд. Дар ҳолати риояи истеъмоли ғизои гарму сермаҳсул масуният баланд шуда, кӯдак аз беморшавӣ, махсусан бемориҳои мавсимӣ (зуком ва ғайра), эмин мемонад. Дар сурати риоя гардидани ин талабот кӯдакон дар бисёр корҳои таълимӣ муваффақ гардида, нишондодҳои баланди таълимиро дар муассисаҳои тарбиявӣ ба даст меоранд.
Ҳарчанд дар шароити кунунӣ мо барои таъмини кӯдакон ҳамаи шароитҳои заруриро дар ихтиёр дорем, вале гоҳо дар ин самт ба коҳиливу камҳавсалагӣ роҳ медиҳем. Пӯшида нест, ки имрӯз аксари кӯдакон ба ғизоҳои зудтайёр рӯ оварданд, ки истеъмоли пайвастаи чунин хӯрокҳо метавонад ба саломатии онҳо зарар расонда, боиси фарбеҳӣ, камҳаракатӣ ва паст шудани масуният гардад. Аз ин рӯ, бояд кӯшиш намоем, то ғизои истеъмолнамудаи кӯдакон ва тарзи тайёр намудани он ба меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ бошад, зеро таҳкими пояҳои ҷомеаи солим аз инкишофи дурусти кӯдак вобаста аст, ки дар ин самт истеъмоли ғизои солим нақши бисёр муҳим дорад.


Маҳмадаюб АЗИМОВ, табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии № 13”-и шаҳри Душанбе