Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН


Идомаи сафари давлатӣ
Боздиди Пешвои миллат аз корхонаҳои «Серес» ва «Зонгшен»
13-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Чонгчин ташриф оварданд.
Нахуст, боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр аз корхонаи саноатии «Серес» оғоз ёфт. Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иқтидор, самти фаъолият ва маҳсулоти корхонаи саноатии «Серес» оид ба истеҳсоли мошинҳои ширкати «Хуавей Аито» маълумот доданд. Зикр шуд, ки ширкат аз якчанд корхонаи калони истеҳсолӣ иборат буда, танҳо дар як коргоҳи мошинбарорӣ 1500 мутахассис фаъолият мекунад. Тибқи маълумоти масъулони ширкат, дар корхона ба ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ, ки кори пурсифати истеҳсоли мошинро назорату идора мекунад, афзалият дода шудааст.
Пас аз боздид аз корхонаи саноатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаи саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.
Баъдан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчин аз ширкати саноатии «Зонгшен» (Zonsen) боздид намуданд.
Дар корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навъу намудҳои техникаи сабуку вазнин, мототсиклҳои дучарха ва сечарха, велосипедҳои варзишӣ, муҳаррикҳои гуногун, мошинҳои хурду калони кишоварзӣ, авиатсионӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои мухталиф шинос шуданд.
Намояндагони ширкат ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи хатҳои муосири истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои корхона ва нақшаҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои олам маълумот доданд.
Гуфта шуд, ки корхонаи «Зонгшен» яке аз ширкатҳои пешсафи Чин дар соҳаи мошинсозӣ буда, маҳсулоташ ба даҳҳо кишвари ҷаҳон содир мешавад. Дар корхона дар як сол 20 миллион муҳаррики гуногун истеҳсол мешавад, ки 60 дарсади он ба содирот нигаронда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо иқтидори корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои бузурги Тоҷикистон аҳамияти ҷалби сармояи чинӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро дар рушди саноати ватанӣ таъкид сохтанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак ва ташкили истеҳсолоти саноатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, аҳамияти он барои рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир муҳим арзёбӣ гардид.