Баргашт Чоп кардан

Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон

Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ирфон Аҳмад мулоқот кард.

Вазир аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд. Инчунин, вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.


ХАТЛОН
Симпозиуми байналмилалии “Хуттали Қадим – пойгоҳи ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонӣ” баргузор шуд
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии ҳамоиши илмӣ омӯзиши амиқи таърихи Хуттали Қадим, нақши он дар ташаккули забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон маҳсуб мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ, аз ҷумла гуфт, ки Хуттали Қадим танҳо як минтақаи ҷуғрофӣ набуда, балки фазои бузурги таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад ва тули ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази ташаккули арзишҳои сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ин сарзамин хизмат кардааст.
Тибқи барнома, чорабиниҳои Симпозиум дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Норак ва ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг ва Данғара идома ёфтанд.


СУҒД
Ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Суғд баргузор шуд
Дар ҷаласа аъзои Шуро, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, инчунин, ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Шурои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи фаъолияти Шуро барои соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷавононро ба илмомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуд. Супориш дода шуд, ки барои бунёди марказҳои ҷавонон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.


Наваскарон савганд ёд карданд
Дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ маросими бошукӯҳи савгандёдкунии наваскарон доир гашт.
Дар ин чорабинии муҳими ҳарбӣ-сиёсӣ муовини вазири мудофиа, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва намояндагон аз ҳукумати шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Наваскарон дар назди халқу давлат савганди ҳарбӣ ёд намуда, қавл доданд, ки барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъмини оромиву субот ва ҳимояи дастовардҳои миллӣ содиқона хизмат хоҳанд кард.


“Руфтоб” дар корхонаҳо панелҳои офтобӣ насб мекунад
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Руфтоб» оид ба муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо ва истифодабарандагони дигари энергия бо панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 2000 МВт ба имзо расид.
Тавре Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар дод, лоиҳа бо мақсади суръат бахшидан ба истиқлоли энергетикии кишвар, рушди “энергетикаи сабз”, ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона гардидааст.
Дар доираи амалисозии лоиҳа, то 1 миллиард доллари ИМА сармоя ҷалб шуда, зиёда аз 500 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад.