![]()
Сиришти баланди шоиронаи устод Мирзо Турсунзода сабаб шуд, ки ӯ бо ҳама гирифториҳо ва масъулиятҳои гарону ҳамарӯзае, ки муҳит ва замон ба дӯшаш гузошта буд, бо вуҷуди он ки дар бузургтарин созмонҳои сиёсӣ ва ҷаласаҳои байналмилалӣ, кумитаву созмонҳо ва маҷлисҳои олӣ ҳамеша гирифтор буд, тавонист саҳми бузургу боризашро ҳамчун як шоири ҳунарманду навовар дар шеъри муосири мо гузорад ва симои муҷаллои шоиронаашро боло бардораду дурахшон намояд.
ХУҶАСТАГИҲОИ ҲУНАРИИ ДОСТОНИ «ҶОНИ ШИРИН»
Мифтоҳ ё калиди сеҳрангезе, ки устод Мирзо Турсунзода барои ворид шудан аз дари тиллоии достони «Ҷони ширин» офаридааст, ба ӯ имкон додааст ба оламе дарояд ва моро ҳам ҳамраҳаш ворид намояд, ки ҳама дар он олам тозаву нав буда, таровату зебоӣ ва хуҷастагиҳои худро дорад. Ин услуб: суҳбат бо инсони маҳбубу ҳамдил домани андеша, тасвир ва розҳоро номаҳдуд медорад ва имкон медиҳад, ки шоир тавассути он тамоми масоили замину замон ва рӯзгору ҷаҳонро ба тасвири шоирона бигирад.
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Оё ин тарзи навишт, чунин баёни шоиронаи андешаву ақоид ба якборагӣ дар мавзуъҳои мухталиф дар ин достон гувоҳи навовариҳои устод Турсунзода нест!? Оё чунин услуб, чунин тарзи баён дар адабиёти навини мо назир доштааст? Ҷо-ҷо дар гирумону тасвирҳову баёнҳо эҳсос мекунед, ки шоир огоҳии хубе аз услубҳои достоннависии гузаштагон, хусусан ҳаким Низомиву достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ дорад, аммо мавзуи пешгирифтаи шоир, тарзи ҳалли он ба куллӣ тозаву навоварона аст.
Дар байни асарҳои устод Мирзо Турсунзода достони «Ҳасани аробакаш» низ бо фарогирии масъалаҳои гуногун, бо тасвири қаҳрамонони мушаххасу нотакрор, бо воқеанигорӣ ва мазмунофаринӣ, баёни содаву дастрас хуҷастагӣ дорад. Достонро метавон романи манзум номид.
СИРИШТИ БАШАРДӮСТОНАИ ШОИРИ ТОҶИК
«Қиссаи Ҳиндустон» силсилаи ашъорест, ки аввалин шуҳрати ҷаҳониро ба устод Турсунзода овардааст. Ин асарро метавон ба парчами адолатхоҳонае, ки бо руҳияи баланди башардӯстӣ ва инсонпарварӣ дар кафи шоири тоҷик боло шудааст, шабоҳат дод. Аслан руҳияи бедории миллӣ, озодихоҳиву озодипарастӣ ва адолати иҷтимоӣ, раҳму шафқат ба халқҳои мазлуми дунё, таваҷҷуҳ ба олами Шарқ, хусусан кишварҳои Осиёву Африқо, ки маҳаки асосии асари мазкурро ташкил медиҳанд.
СИМОИ ЗАНИ ТОҶИК
Дар саросари ашъори Мирзо Турсунзода симои зани тоҷик бо тасвирҳо, бо маъниҳои наву тоза, бо хусусиятҳо хосу нотакрор, бо шаҳомату хуҷастагиҳои дурахшон падидор мегардад. Хусусан мақоми зани тоҷик дар ҷомеа - дар замони нав, бо падидаҳои нав, бо баёнҳои то ин вақт номаъмул шоиронаву хотирмон тасвир мешаванд. Бубинед, устувории мақоми зан дар забони шоир чи қадар баэътимод садо медиҳад:
Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.
Дар шеъри устод Турсунзода зани тоҷик, ки ҳамеша дар сари оташдону танӯри оташфишон аст, ҳамрадифи оташ аст, оташе, ки моро гарм медорад, оташе, ки хомиҳои моро мепазонад, оташе, ки рӯзгори моро мунаввар медорад, бо оғӯши гармаш ба мо ҳаёт мебахшад:
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.
Як падидаи дурахшон дар шеърҳои ба зан-модар бахшидаи Турсунзода дар он зоҳир мешавад, ки ӯ дар ин тасвирҳо аз суннату амал ва рисолати модарии зани тоҷик наворҳои зебо ва маънидори шоирона месозад ва ба ин васила симои воқеии хирадмандонаи ӯро пеши назари мо меорад, аз қабили:
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.
Бояд гуфт, ки мақоми Турсунзода дар шинохти зан мақомест хеле ҷавонмардона:
Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
НАКҲАТИ ВАТАН
Устод Турсунзода аз он нахустин шоиронест, ки бар акси ситоишу тавсифи урён ва шиоргунаи Ватансароёни он замон кӯшидааст симои Ватан, ормонҳои миллии халқи худро дар пероҳани сухани бадеъ, дар ҳолаи табиати зебои кӯҳистони диёр, чашмасору хоки зархези Тоҷикистон, заҳмати ҳалоли мардумонаш бо эҳсосоти баланд ва тасвирҳои таъсирбахш ба қалам бидиҳад.
Гумон мекунам, ин маънӣ ҷойи баҳс надорад, ки фалсафаи муҳаббати Ватанро касе шоиронатару волотар аз устод Турсунзода ба қалам надодааст ва барои исботи ин андеша овардани ҳамон қитъаи машҳур ва вирди забони ӯ кофист:
Ватан дар ҳар куҷо форам ба сар омад ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту,
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Ин истеъдоди бузург ва муҳаббати беназири ватандӯстонаи устод Мирзо Турсунзода аст, ки тавонистааст чунин эъҷоз кунад, то садои рӯдҳои Ватан баландтар аз садои тӯфонҳои баҳру уқёнусҳо садо диҳанд ва ин қадар фосилаҳои бузург, ҳазорон фарсахро пушти сар карда, ба гӯшаи дигари олам, ба гӯши шоир бирасанд. Ва аз ҳама шигифтангез ин аст, ки ин ҳама муболиға нест, ҳақиқат аст, боварибахш аст ва наметавон онро инкор кард.
Бояд таъкид кард, ки ашъори Мирзо Турсунзода на танҳо падидаи нави замони худ буд, балки хидмати бузурге дар ҷодаҳои сулҳу дӯстӣ ва баҳамоиву ягонагии миллатҳои ҷаҳон кард. Ва ба такрор метавон таъкид кард, ки ашъори навоваронаи устод Турсунзода на танҳо дар тарбияи милливу худшиносии халқи мо, дар парвариши ғояҳои баланди инсониву башарӣ дар байни хонандагони кишварҳои дигар низ саҳми мондагор дорад, балки бо заминае, ки эҷодиёти ӯ дар адабиёти мо гузошт, як гардиши нави ҳунариву забониву ғоявӣ дар шеъри муосири мо ба амал омад, ки майдони шеъри кунуниамонро ба парвозгоҳи истеъдодҳои ҷавон табдил дод.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон