Баргашт Чоп кардан

ҲАҚҚИ ФАРҲАНГПАРВАРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАР МО ҒАЙРИТОҶИКОНИ ТОҶИКИСТОН


Ин ёддошт ба муносибати нашри китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Ҷамшеди рӯзгори мо» асари доктор Яъқуби Ясно навишта шудааст. Ман ба рӯнамоии китоб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даъват шуда будам ва суханронии шахсиятҳои ду кишвар – Тоҷикистон ва Афғонистонро дар бораи он шунидам. Хурсанд шудам аз ин ки Яъқуби Ясно ба унвони як шаҳрванди Афғонистон дар бораи иқдомҳои олӣ ва арзишманди фарҳангии Пешвои муҳтарами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон навиштааст. Мо – афғонистониҳо, бояд ҳарчи пештару бештар дар бораи корҳои фарҳангии арзишманди Ҷаноби Олӣ бинависем.
Он чи дар ин навишта матраҳ мегардад, дар ҳақиқат дидгоҳи як шаҳрванди Афғонистон аст, ки наздик ба се сол мешавад дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва аз наздик шоҳиди амалкардҳо ва сиёсатҳои фарҳангии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти маҳбуби Тоҷикистон ва Раҳбари тоҷикони ҷаҳон аст. Бинобар таҷрибаи зистаам дар Тоҷикистон, заминае фароҳам шуд, то шоҳиди сиёсатгузории фарҳангии Раҳбари давлати Тоҷикистон бошам ва бо ҳувияти фарҳангии ин кишвар аз наздик шинос шавам.
Ҳамон тавр, ки барои ҳар инсоне, ба дараҷоти мухталиф, таърих, фарҳанг, адабиёт, ҳунар, шеър ва мусиқӣ аҳамият дорад, барои ман низ таърих ва фарҳанг ба андозаи ҳастӣ ва вуҷудам арзишманд аст, зеро таърих ва фарҳанг барои ман сирфан як рӯйдоди гузашта нест, балки оинаи тамомнамои огоҳии ҷамъии мо аст, ки метавон дар партави он ба фарҳанг, одоб ва суннатҳои гузаштагон даст ёфт ва аз таҷрибаҳо ва омӯзаҳои онон, ки дар ҷараёни садҳо сол шакл гирифта, баҳра бурд ва решаи маънавӣ ва ҳувиятии худро дар ҷараён ва тадовими таърих эҳсос кард.
Албатта, ин баҳра бурдан ва худро дар оинаи таърих дидан чандон осон ва сода ҳам нест, зеро тули таърих, илова бар шахсиятҳои таърихсоз ва фарҳангдӯст, ҳамвора инсонҳои таърихсӯз ва фарҳангситез ба наҳве аз онҳо кӯшидаанд, ки ба ҷои ҳимоят ва тақвияти фарҳанги бумӣ ва таърихии мардум, ба фарҳанг ва эътиқодоти бегонагон арҷ бигузоранд ва нагузоранд, ки мардум бо таҷлили оинҳо, ҷашнҳо ва муносиботи фарҳангӣ, бо гузаштаи худ пайванд барқарор кунанд ва худро дар оинаи таърихи хеш бубинанд. Ин кашокаши таърихӣ миёни ҳифзи фарҳанг ва фаромӯшии он, дарки аҳамияти сиёсатҳои фарҳангии муосирро зарурӣ месозад.
Дар имтидоди таърихӣ ва фарҳангии ҳавзаи тамаддунии тоҷикӣ ва ориёӣ дар даврони ҷадид бояд гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, беш аз ҳар шахсияти муосир ва ҳар давлатмарди дигаре таваҷҷуҳ ва инояти вижае ба таърих ва фарҳанги мардумони ориёӣ ва форсизабонон, ки дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва соири нуқоти ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, доштаанд ва камтар ҷое будааст, ки ба масъалаи фарҳанг ва арзиши он напардохта бошанд.
Бар ҳамин асос, навъи нигоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанг на як рӯйкард ва мавзеи мақтаӣ, балки бахше аз як сиёсати фарҳангии пойдор тули даҳаҳои ахир будааст ва тайи беш аз се даҳа, на танҳо тоҷикони Тоҷикистонро ба унвони миллате соҳибиқтидор ва дорои фарҳанги ғанӣ муаррифӣ кардааст, балки муборизаи нарм ва фарҳангии Ҷаноби Олӣ бар соири форсизабонон ва касоне, ки мутааллиқ ба ҳавзаи ориёӣ ҳастанд, таъсиргузор будааст ва боиси бедорӣ ва огоҳии фарҳангӣ ва ҳувиятии шон шудааст; чунонки ин рӯйкард дар нигоҳ ва арзёбии аҳли фарҳанг, аз ҷумла Яъқуби Ясно, бозтоб ёфтааст: «Дар ҳавзаи фарҳангии муосири мо, дар миёни шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, танҳо касе, ки аз рӯи огоҳӣ, доноӣ ва иродаи фарҳангӣ аз нишонаҳои фарҳангӣ, ҷашнҳои бостонӣ ва ҳувияти фарҳангии мо арҷгузорӣ ва ҳимоят мекунад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, Президент ва Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд аст».
Бинобар ин, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки фаъолияти бедоргароёнаи фарҳангӣ ва ҳувиятии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаротар аз Тоҷикистон дар кишварҳои минтақа ва дар муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор будааст. Таъсиргузории минтақаии сиёсатгузориҳои фарҳангии Ҷаноби Олӣ дар байни форсизабонон ва ориёиҳои кишварҳои Афғонистон, Эрон ва... аз назари ҳувияти фарҳангӣ, бедоргароёна будааст ва форсизабонон ва ориёиҳоро мутаваҷҷеҳи решаҳои фарҳангӣ ва ҳувиятии таърихии шон сохтааст, ба аҳамияти арзишҳои фарҳангии худ пай бурдаанд ва аз фаромӯшии фарҳангӣ ва ҳувиятӣ наҷот ёфтаанд ва донистаанд, ки хостгоҳи фарҳангӣ ва ҳувиятии шон чӣ ва куҷо буда ва дар таърих чӣ ҷойгоҳи фарҳангӣ ва тамаддунӣ доштаанд.
Муҳимтар аз ҳама, ташаббусҳои фарҳангии Ҷаноби Олӣ дар муносиботи байналмилалӣ бисёр таъсиргузор будааст, зеро арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии миллати тоҷик ва мардуми ориёиро дар сатҳи ҷаҳон ба хубӣ муаррифӣ карда, ки Ҷашни Наврӯз бо миллати тоҷик ва ориёӣ чи иртиботе дорад, паёми Ҷашни Наврӯз чӣ аст ва хостгоҳи он куҷо аст. Ҳақиқат ин аст, пеш аз иқдомҳои фарҳангии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии тоҷикон ва ориёиҳо ҳатто дар кишварҳои худи шон дучори фаромӯшӣ шуда буданд; хушбахтона, бо иқдомҳои арзишманди фарҳангии Ҷаноби Олӣ буд, ки ин арзишҳои фарҳангии тоҷикӣ ва ориёӣ фаротар аз кишварҳои ориёӣ дар ҷаҳон шинохта ва муаррифӣ шуданд. Ҷашни Наврӯз ва чандин рӯйдоди фарҳангии ориёӣ бо ташаббус ва иқдоми Ҷаноби Олӣ сабти Созмони байналмилалии ЮНЕСКО шуда, ҷаҳонӣ гардид ва имрӯз мардуми ҷаҳон Ҷашни Наврӯзро мешиносанд ва медонанд, ки мутааллиқ ба миллати тоҷик ва мардуми ориёӣ аст. Хушбахтона, ҳатто ҷашни суманак (саману)-и миллати тоҷик, ҷаҳонӣ шудааст.
Бинобар ин, мо – форсизабонон ва ориёиҳои ғайритоҷик, бояд қадрдони Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, ки аз арзишҳои фарҳангии ҳамаи мо дар сатҳи байналмилалӣ ҳимоят кардааст.
Ҷаноби Олӣ бар гардани мо ҳаққи бузурге дорад, ки бояд дарк кунем ва ба иқдомҳои арзишманди фарҳангии ишон эҳтиром гузорем. Яъқуби Ясно дар мақолаи «Аз маркази байналмилалӣ то канони тамаддуни ориёӣ: роҳкори фарҳангӣ ва тамаддунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» хеле дидгоҳҳои воқеъбинонаеро матраҳ мекунад, аз ҷумла ин дидгоҳро, ки роҳбурдҳои тамаддунӣ ва фарҳангии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба маркази тасбити фарҳангӣ ва тамаддунии ориёӣ табдил кардааст ва ҳамаи форсизабонон ва ориёиҳо ба иқдомҳои фарҳангии Ҷаноби Олӣ умед бастаанд. Ӯ менависад: «Иқдоми фарҳангӣ ва тамаддунии давлати Тоҷикистон ба ҳидоят ва раҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони тозае ба фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ медамад ва боиси огоҳӣ ва бедории фарҳангӣ ва тамаддунии мардуми ориёӣ дар ҳавзаи тамаддуни ориёӣ ва дар сартосари ҷаҳон мешавад. Бинобар ин, вақти он фаро расидааст, ки шоирон, нависандагон, пажӯҳишгарон ва фаъолони фарҳангӣ ва расонавӣ дар ҳамсӯӣ бо ин иқдоми фарҳангӣ ва тамаддунӣ, эҳсоси масъулият карда, ба фаъолиятҳои фикрӣ, фарҳангӣ ва адабӣ дар ин бора бипардозанд».


Шукруллоҳ ШАҲРИЁР,
мудири пешини китобхонаи
ҳаким Носири Хусрави Балхӣ
ва фаъоли фарҳангии Афғонистон