Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии 19-уми Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” байни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бо шукӯҳ баргузор гардид. Дар даври ниҳоӣ 8 иштирокдор аз муассисаҳои таълимии пойтахт, аз ҷумла, №№ 88, 1, 5, 7, 19-и шаҳри Душанбе, МТМУ № 150-и шаҳри Ваҳдат, МТМУ № 1-и шаҳри Хуҷанд, МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд байни ҳам сабқат доштанд.
Дар раванди Озмун мушовири сафорат Ван Гуочун, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДМТ Сафармамадзода Сафармамад, мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии Мактаби байналмилалии Президентӣ Мирзоалӣ Мирзоалиев, котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Сюе Гуансэн, раиси шурои директорони филиали ширкати «ТБЕА – Душанбе саноати кӯҳӣ» дар Тоҷикистон Хуан Бо, котиби комиссияи назорати интизомии ширкати воридоту содироти «ТБЕА – Душанбе саноати кӯҳӣ» У Лится, раиси иттифоқи касабаи ширкати воридоту содироти «ТБЕА – Душанбе саноати кӯҳӣ» Чжи Юйся, директорони намояндагии ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» дар Душанбе Чэн Чанпин, маркази тиббии муштараки Чин ва Тоҷикистон Ян Хуэй, Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургӣ Сун Даман, Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин, директори Донишкадаи Конфутсийӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, 100 омӯзгор, донишҷӯ ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Ван Гуочун изҳор дошт, ки Чин ва Тоҷикистон кишварҳои дорои таърихи куҳан ва тамаддуни бузург мебошанд. Роҳи Бузурги Абрешим таърихи робита ва дӯстии халқҳои ду кишварро инъикос мекунад. Ин мероси гаронбаҳои маънавӣ барои ҳар ду халқ арзиши бузург дорад ва бояд аз ҷониби насли ҷавон идома дода шуда, бо мазмуни нав ғанӣ гарданд. Ӯ изҳори умед намуд, ки иштирокчиён дар ин саҳна бо ҷасорат истеъдод ва маҳорати худро намоиш дода, бо забони чинӣ пули дӯстии байни халқҳоро боз ҳам мустаҳкам хоҳанд кард.
Сафармамадзода Сафармамад изҳор намуд, ки Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин саҳми назаррас гузошта, ҳамзамон, дар шинос намудани мардуми Тоҷикистон бо Чин ва фарҳанги он нақши муҳим мебозад. Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” яке аз пайвандҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг аст.
Даври ниҳоӣ аз се бахш иборат буд: суханронии мавзуӣ ва намоиши истеъдодҳои фарҳангӣ, саволу ҷавоб оид ба забон, фарҳанг ва дониши Чин, инчунин тавсифи тасвир. Иштирокдорон дар бораи робитаи худ бо забони чинӣ ва орзуи омӯзиши он суханронӣ карданд. Дар бахши истеъдод шеърхонӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, намоиши маҳорати нунчакӯ ва сурудхонӣ анҷом дода, боиси кафкӯбиҳои тамошобинон гардиданд. Дар натиҷа, шаш довталаб ба даври дуюм роҳ ёфт.
Дар ин давр дониши иштирокдорон дар бораи забон, фарҳанг ва кишваршиносии Чин санҷида шуд. Пас аз рақобати шадид, се кас ба даври сеюм гузашт.
Дар даври сеюм қобилияти суханварӣ, вокуниш ва ташкили фикр санҷида шуд. Бо иҷрои рақси зебои “Чин дар равшании чароғҳо” ва навозиши асбоби суннатии ху-лу-сӣ бо оҳанги “Афсона”, маросими ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Пас аз ҷамъбасти натиҷаҳо, Абдураҳим Ҳайдарбеков барандаи ҷойи аввал, Иззатулло Мадмаров ҷойи дуюм ва Масъуд Нормаҳмадов ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ҷоизаҳои иловагиро доварон ба довталабони фаъол: Шоҳинахон Исломӣ – “Беҳтарин суханвар”, Аюбҷон Содиқов – “Беҳтарин истеъдод”, Бинёмин Ҳамдамзода – “Беҳтарин иҷро”, Темурҷон Абдулҳақов – “Беҳтарин намоиш”, Наргизахон Ҷӯраева – “Беҳтарин маъруфият” супурданд.
Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳӣ ва нишондиҳандаҳои онлайнӣ, Абдураҳим Ҳайдарбеков, Айша Юсуфова ва Темурҷон Абдулҳақов соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин маъруфият дар интернет” гардиданд.
“Пули забони чинӣ” Озмуни байналмилалӣ буда, ҳамчун платформаи муҳими муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими дӯстии халқҳо хидмат мекунад.
ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙИ
НАЗДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН