17-уми май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки ҳазорон нафарро ба ҳам овард.
Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар сокинон, донишҷӯён, сарбозон ва намояндагони идораҳои давлативу ҷамъиятӣ дар Дави миллӣ ва зиёда аз 400 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша карданд.
Таъкид карда шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007 ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май гузаронда мешавад. Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо иштироки роҳбарияти мақомот доир гашт. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд: “Баргузории Дави миллӣ дар Ватани маҳбубамон нишоне аз сулҳу оромӣ, якдиливу якмаромӣ, сарҷамию муттаҳидӣ, инчунин арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон мебошад”.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли солиму фаъол ва рушди соҳаи варзиш аҳамияти махсус доранд.
Тибқи маълумот, дар шаҳри Бохтар беш аз 30 000 нафар ва дар шаҳри Хуҷанд беш аз 25 000 нафар дар Дави миллӣ ширкат карданд.
БОКС
Ду медали тиллои наврасон дар Чемпионати Осиё
Аз 1-ум то 15-уми май шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон буд.
Мусобиқа миёни варзишгарони соли таваллуди 2012-2013 (U-15) ва 2010-2011 (U-17) сурат гирифт. Наврасони 15-сола дар 15 вазн ва 17-солаҳо дар 13 вазн рақобат карданд. Дар муҳорибаҳо беш аз 500 муштзани 26 кишвари қора ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 20 варзишгар муаррифӣ карда, ба гирифтани чор медал – 2 тилло, 2 биринҷӣ мушарраф гашт. Медалҳои тиллоро Анӯшервон Сидиқов (46 кг) ва Беҳрӯз Умаров (54 кг) миёни наврасони 17-сола сазовор гаштанд. Муҳаммадҷон Сулаймонов (58 кг) ва Азизахон Бобоҷонова (52 кг) миёни наврасони 15-сола медали биринҷӣ гирифтанд.
ФУТБОЛ
Дар Тоҷикистон Чемпионати CAFA миёни ҷавонон ҷараён дорад
Дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода
12-умин Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 20-сола оғоз гардид, ки то 19-уми май идома меёбад.
Тими ҷавонони Тоҷикистон то имрӯз се бозӣ анҷом дода, бар тимҳои Туркманистон (2:1), Афғонистон (2:0) ғалаба карда, аз дастаи Ӯзбекистон (0:3) мағлуб шуд. Футболбозони ҷавони мо дар даври охир бо Қирғизистон вомехӯранд.
Президенти AFC мунтахаби наврасони Тоҷикистонро табрик гуфт
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон Иброҳим ал-Халифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикотӣ ирсол намуда, дар он ҳунарнамоии муваффақонаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)-ро дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ махсус қайд кард.
«Муҳтарам президент, ба шумо ва Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҳунарнамоии муваффақонаи дастаатон дар Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасони то 17-сола, ки натиҷаи он роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2026 гардид, табрикоти самимии худро иброз менамоям.
Шавқу рағбат ва садоқате, ки даста дар ҷараёни мусобиқот нишон дод, сазовори баҳои баланд аст. Ба мунтахаби Тоҷикистон дар омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон барору комёбӣ орзу намуда, бовар дорам, ки даста Осиёро дар ин мусобиқот шоиста намояндагӣ хоҳад кард», – гуфта мешавад дар номаи президенти AFC.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”