Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ТО ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардид. Давлате, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда буд, ниёз ба раҳбаре дошт, ки на танҳо сулҳу суботро таъмин намояд, балки руҳи миллиро эҳё карда, мардумро муттаҳид созад. Дар чунин вазъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омада, дар баробари эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлатдориро эҳёи худшиносии миллӣ ва зинда нигоҳ доштани таърихи тамаддуни ориёӣ муайян карданд.


Худшиносии миллӣ – пояи давлатдорӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарии худ таъкид менамуданд, ки миллате, ки таърихи худро намедонад, наметавонад ояндаи устувор бунёд кунад. Ба ҳамин хотир, масъалаи омӯзиши мероси таърихии тоҷикон ва муаррифии нақши онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳо ва асарҳои илмӣ-оммавии худ аз таърихи қадимаи тоҷикон ёдовар шуда, миллати тоҷикро вориси тамаддуни бузурги ориёӣ номидаанд.
Дар солҳои аввали истиқлол ҷомеаи Тоҷикистон ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ эҳтиёҷи калон дошт. Аз ин рӯ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёиён, олимон ва муҳаққиқон вазифа гузоштанд, ки таърихи воқеии миллатро омӯзанд ва барои наслҳои ҷавон мероси ниёгонро муаррифӣ намоянд. Бо дастгирии давлат нашри китобҳои таърихӣ, пажӯҳишҳои илмӣ ва осори адабӣ афзоиш ёфт. Муассисаҳои илмӣ фаъолияти худро дар самти омӯзиши тамаддуни ориёӣ густариш доданд.


Соли тамаддуни ориёӣ
Яке аз иқдомҳои муҳим дар ин самт таҷлили Соли тамаддуни ориёӣ (2006) буд. Ин ташаббус барои бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеа ба таърихи бостонӣ нақши калон бозид. Дар доираи ин сол ҳамоишҳои байналмилалӣ, намоишгоҳҳои таърихӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва конфронсҳои илмӣ баргузор гардиданд. Олимони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи нақши тоҷикон ва халқҳои ориёӣ дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ маърузаҳо пешниҳод карданд.
Ҳамон тавре маълум аст, Пешвои миллат ба омӯзиши таърихи давлати Сомониён аҳамияти калон медиҳанд, зеро, дар ҳақиқат, давлати Сомониён намунаи олии давлатдории тоҷикон буда, маҳз дар ҳамон давра фарҳанг, илм, адабиёт ва шаҳрсозӣ ба авҷи рушд расида буданд. Бо ташаббуси Президенти кишвар 1100-солагии давлати Сомониён дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, ки ин ҷашн на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки рамзи эҳёи давлатдории миллӣ ва эҳтиром ба таърихи ниёгон гардид.


Ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ
Дар замони истиқлоли давлатӣ ба ҳифз ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Қалъаҳои қадимӣ, осорхонаҳо, мақбараҳо ва мавзеъҳои таърихӣ таъмиру навсозӣ гардиданд. Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ ба макони муҳими омӯзиши таърих ва фарҳанги миллӣ табдил ёфтанд. Ин иқдомҳо барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан ва тамаддуни ғанӣ мусоидат намуданд.
Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳои худ пайваста аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Исмоили Сомонӣ ва дигар чеҳраҳои маъруфи илму адаб, арбобони сиёсию давлатӣ ёдовар мешаванд. Онҳоро ҳамчун рамзи хирад, дониш ва худшиносии миллӣ муаррифӣ мекунанд, зеро омӯзиши осори чунин шахсиятҳо барои тарбияи насли ватандӯст ва бофарҳанг аҳамияти бузург дорад.


Наврӯз ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон
Дар сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистон эҳёи ҷашнҳои миллӣ низ ҷойгоҳи муҳим дорад. Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҳамчун мероси фарҳангии ниёгон дубора эҳё гардида, дар сатҳи давлатӣ таҷлил мешаванд. Маҳз бо талошҳои дипломатии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ эътироф шуд. Ин дастоварди муҳими фарҳангӣ боз як қадами муҳим дар роҳи муаррифии тамаддуни ориёӣ ба ҷаҳониён гардид.
Президенти маҳбуби кишвар бар ин назаранд, ки худшиносии миллӣ асоси пойдории давлат мебошад. Дар ин робита, пайваста ҷавононро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба забони давлатӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ даъват мекунанд.
Эҳёи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи тамаддуни ориёӣ яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, чунин сиёсати хирадмандона на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ аҳамияти бузург хоҳад дошт.


Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ, «Ҷумҳурият»