Бешак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷомеа тафаккури сарфаҷӯйиро ба миён овард ва исрофкорӣ, хурофоту зоҳирпарастиро пешгирӣ кард, вале қатъи назар аз ин, то ҳол мавридҳои нақзи меъёрҳои Қонун зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ҷавобгарии ҳуқуқӣ доранд. Ҳамин буд, ки барои боз ҳам коҳиш додан ва пешгирии қонуншиканӣ соли 2021 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (моддаи 481) тағйиру иловаҳо ворид гардида, меъёрҳои ҷарима барои риоя накардани Қонуни мазкур зиёд карда шуд. Тибқи он, барои риоя накардани талаботи Қонун ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин гашт, зеро қаблан меъёри ҷарима мутаносибан даҳ, панҷоҳ ва сад нишондиҳанда кам буд.
Бар пояи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми се моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҳарчанд шумораи маърака ва маросим дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 1081 маърака зиёд баргузор шуда бошад ҳам, қонунситезӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин давра 220 қонунвайронкунӣ сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 14 адад кам мебошад.
Гузашта аз ин, кормандони раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Бохтар, Кӯшониён, Хуросон ва Вахш рейдҳо гузаронда, 33 ҳолати эҳтимоли қонуншиканиро пешгирӣ ва 7 ҳолати қонунвайронкуниро ошкор намуданд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бо осон шудани сафари ҳаҷи умра имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон барои анҷом додани фаризаи динӣ ба зиёрати хонаи Худо мераванд. Дар иҷтимои мо, ки беш аз 90 дарсади аҳолӣ мусалмон мебошад, ин қобили истиқбол буда, Ҳукумати кишвар низ дар ин самт шароит фароҳам овардааст. Вале масъалаи ташвишовар он аст, ки пас аз баргаштанашон аксари ҳоҷиён бо оростани маъракаҳои тантананоки ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ бар хилофи аҳкоми динӣ амал мекунанд, зеро дини мубини ислом исрофро ҳаром ҳукм кардааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.
Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби масъулон 22 ҳолати қонунвайронкунӣ барои риоя накардани ин банди Қонун ошкор шудааст.
Аз ҷумла, як сокини 67-солаи ноҳияи Сангвор, ки дар манзили истиқоматиаш маъракаи ҳоҷизиёратро бо оростани дастархон ва додани таъом гузарондааст, аз ҷониби суд ҷарима шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим пайваста ба зойирин талаботи Қонунро дар мавриди гуселу пешвозгирии ҳоҷиён мефаҳмонанд.
Бояд дар хотир дошт, ки бар асоси тафсири муқаррароти банди 2 моддаи 12 Қонун, ба дидани ҳоҷиҳо рафтан ва аҳволпурсӣ кардани онҳоро қонун манъ накардааст, вале ин маросим бояд бе додани таъом сурат гирад. Кумита тавсия медиҳад, ки тақсими оби муқаддаси “Зам-зам” ва хурмо қобили қабул мебошад.
Ҳеч ҷойи пӯшида нест, ки борҳо аз забони аксари ҳоҷиён ва аҳлу аёли онҳо суханони “харҷи маъракаи ҳоҷизиёрат аз харҷи сафари ҳаҷ зиёд афтод”, “як гов ва ду чорвои майда куштем нарасонд, боз гӯшт харидем” шунидаем. Аз ин дидгоҳ, бо боварӣ гуфта метавон, ки онҳо низ ҷонибдорӣ чунин исроф нестанд, вале “агар накунем мардум чӣ мегӯяд?!”, яъне таассуб онҳоро ба ҳамин ҳол овардааст. Чаро дуруст намеандешем ва ин ҳақиқатро бе тарс иброз намедорем, ки мардум на Худо аст, на пайғамбар. Лиҳозо, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва раёсату бахшҳои он дар шаҳру навоҳиро зарур аст, ки барои пешгирии зоҳирпарастию исрофкорӣ чораҳои қатъии қонунӣ андешанд.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”