Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз аввалин падидаҳои милливу маънавии кишвар маҳсуб меёбад, ки дар ифтитоҳи расмии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд ва бо ин ибтикор аз шоҳкориҳои чандинҳазорсолаи аҷдодамон ҳифозат намуданд. Ин воқеаи таърихӣ дар хотираи рӯшанфикрон ва собиқадорони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихору шодмонӣ сабт шудааст.
7-уми сентябри соли 2001 дар остонаи 10-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Пешвои миллат дарҳои Осорхонаро бар рӯйи тоҷикону ҷаҳониён боз намуданд.
Қадами аввал дар ташкили осорхонаи махсуси таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон бо таъсиси Осорхонаи этнография ва бостоншиносӣ соли 1949 гузошта шуд. Дар фонди он осори арзишманди фарҳанги моддии тоҷикон аз нимаи дуюми асри XIX то замони муосир ҷамъ оварда шуда буд, ки дар он замон ёздаҳ ҳазор нигораро дар бар мегирифт.
Нигораҳои нодире, ки имрӯз асоси намоишгоҳи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бо баргузории Намоишгоҳи бостоншиносии «Қадимати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе иртиботи мустақим дошт, ки он бар пояи осори ғании фондҳои институт, пеш аз ҳама бахши бостоншиносӣ, ташкил гардида, нахуст ба таври маҳдуд дар Душанбе ба намоиш гузошта шуда, баъдан дар Осорхонаи таърихи санъати халқҳои Шарқ ва соли 1985 дар шакли густурда дар Осорхонаи давлатии Эрмитаж муаррифӣ гардид.
Намоишгоҳи Москва муҷассамаҳои нодири маъбади буддоии Аҷинатеппа, деворнигораҳои Панҷакенту Шаҳристон, кандакориҳои чӯбӣ, маҷмуаи бозёфтҳои Тахти Сангину тангаҳои антиқӣ ва гаҷкории ҳунармандонаи Ҳулбук арзиши баланди илмӣ ва фарҳангии мероси бостонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Муаррифии мукаррари ин осор дар шаҳрҳои машҳури ҷаҳон Сюрих, Киото, Мюнхен, Ню-Йорк ва Рим на танҳо ба густариши доираи шинохти байналмилалии ин мерос мусоидат намуд, балки заминаи ташаккули робитаҳои нави илмӣ ва созишномаҳои ҳамкориро фароҳам овард. Дар натиҷа бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои бунёди Осорхонаи нави бостоншиносӣ дар Душанбе шароити мусоид фароҳам омад.
Яке аз самтҳои фаъолияти Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки пайваста дар муаррифии шоистаи мероси бостоншиносии кишвар ширкат меварзад. Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки аз 13-уми октябри соли 2021 то 10-уми январи соли 2022 дар Осорхонаи миллии санъати Осиё – Гимеи шаҳри Париж баргузор гардид, яке аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон иштирок намуданд, ки худ гувоҳи сатҳи баланди аҳамияти байналмилалии ин чорабинист. Ҳадафи асосии Намоишгоҳ муаррифии таъриху тамаддуни ғании халқи тоҷик ба мардуми Аврупо буд.
Экспозитсия давраи васеи таърихӣ – аз ҳазорсолаи IV то мелод то асрҳои аввали мелодӣ, аз ҷумла замони Сомониёнро фаро гирифта, намунаҳои барҷастаи санъат, ҳунармандӣ, меъморӣ ва фарҳанги моддии сокинони ин сарзаминро инъикос менамуд. Дар ин Намоишгоҳ бори нахуст дастовардҳои муҳими бостоншиносии Тоҷикистон ба таври густурда дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Бахши асосии нигораҳоро бозёфтҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ташкил медоданд, ки натиҷаи таҳқиқоти мунтазами бостоншиносӣ, махсусан, дар давраи истиқлол мебошанд.
Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар тули фаъолияти 25-солаи худ ба яке аз марказҳои муҳими илмӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфта, ҳамзамон, ҳамчун муассисаи тадқиқотӣ фаъолият менамояд.
Ҳамасола аз ин Осорхона ҳазорон меҳмон, аз ҷумла олимон, сайёҳон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, дидан мекунанд.
Абдураҳмон ПӮЛОДОВ,
директори Осорхонаи миллии
бостонии Тоҷикистон