Баргашт Чоп кардан

«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҲУНАРМАНДОНУ КОСИБОН ҶАМЪБАСТ ШУД


13-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон «Беҳтарин усто ва шогирд» ҷамъбаст гардид.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, Фестивал аз се давр иборат буда, дар даври ниҳоӣ 68 устои чирадаст бо шогирдони худ иштирок намуда, ғолибон аз рӯйи чор номинатсия муайян шуданд.
Дар номинатсияи «Қаннодӣ» усто Уроқ Зуҳуриддинов ва шогирд Маҳмудҷон Зарипов аз шаҳри Турсунзода мақоми аввалро гирифтанд. Ҷойи дуюмро усто Абдулқосим Шарипов ва шогирд Иброҳим Шарипов аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро усто Субҳон Расулов ва шогирд Акмал Расулов аз шаҳри Конибодом соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи «Бофандагӣ ва дӯзандагӣ» ҷойи якумро усто Шаҳноза Ахмедова ва шогирд Муҳайё Салимбоева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюмро Сурмахол Турақулова ва шогирд Умарой Абдухолиқова аз ноҳияи Данғара, ҷойи сеюмро усто Мамлакат Раҳимова ва шогирд Заррина Сайфиддинова аз шаҳри Ваҳдат ба даст оварданд.
Дар номинатсияи «Коркарди чӯб» усто Афзал Давлатов ва шогирд Иброҳим Саидов аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғолиб омада, ҷойи дуюмро усто Алифҳусайн Ҳусайнов ва шогирд Шоҳҳусайн Майсайнов аз ноҳияи Ишкошим, ҷойи сеюмро бошад, усто Саидбек Машарипов ва шогирд Ҳабибулло Машарипов аз ноҳияи Ҷайҳун гирифтанд.
Дар номинатсияи «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ» ҷойи якумро усто Толибҷон Ҳакимов ва шогирд Саидислом Шоев аз шаҳри Кӯлоб гирифта, ҷойи дуюм насиби усто Олуча Оқилбеков ва шогирд Некрӯз Асадбеков гашта, ҷойи сеюмро усто Абдуғафор Ҳиматов ва шогирд Сулаймон Ҳиматов аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даст оварданд.
Тавре муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ таъкид кард, “Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин усто ва шогирд» хусусияти хос дошта, дар баробари мусоидат ба рушди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, яке аз анъанаҳои беҳтарин ва қадимии миллати тоҷик – мактаби “усто ва шогирд”-ро фаъолона тарғибу ташвиқ менамояд. Ин суннати неки ниёгон имрӯз низ дорои аҳамияти бузурги тарбиявию фарҳангӣ буда, барои интиқоли донишу маҳорат, малака ва таҷрибаи нодири ҳунарҳои мардумӣ аз насл ба насл заминаи устувор фароҳам меорад. Маҳз тавассути чунин равандҳо арзишҳои асили миллӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд”.
Бояд зикр намуд, ки анъанаи “усто – шогирд” на танҳо воситаи омӯзиши ҳунар, балки мактаби тарбияи ахлоқ, одобу рафтор ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз дар доираи ин мактаб насли ҷавон аз устодони худ на танҳо нозукиҳои касб, балки сабақҳои зиндагӣ, ҳисси масъулият ва муҳаббат ба Ватанро низ меомӯзанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”