12-уми май дар толори варзишии «Азизон»-и шаҳри Истаравшан Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ байни варзишгарони то 17 ва то 23-сола баргузор гардид.
Дар мусобиқа, ки аз рӯйи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW) сурат гирифт, варзишгарон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ШНТМ иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мусобиқа оид ба нақши варзиш дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва таъмини тарзи ҳаёти солим ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки варзиш дар ҷомеаи муосир танҳо як мусобиқа набуда, он мактаби тарбия, матонат ва майдони ташаккули иродаи инсон мебошад. Маҳз тавассути варзиш ҷавонон ҷасорат, сабру таҳаммул, интизом ва эҳтиром ба ҳарифро меомӯзанд. Варзиш инсонро ба зиндагии солим, фаъолияти созанда ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад.
Дар идома намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ҷамшед Қурбонзода оид ба рушди варзиш дар кишвар ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон маълумот дод.
Зӯрозмоиҳо бошиддат ҷараён гирифта, дар фарҷом ба ғолибон диплом ва медалҳо супурда шуданд.
Саъдулло МАҲКАМОВ, шаҳри Истаравшан