Баргашт Чоп кардан

"КОРВОНИ ЖУРНАЛИСТОН". ТАҶРИБАЕ БАРОИ ИБРАТ


Таҳти ҳамин унвон бо иқдоми бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд "Корвони журналистон" ташкил шуд, ки ҳадаф аз он инъикоси воқеӣ ва ҳаматарафаи дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.


“Корвони журналистон” 25 нафар журналистон – намояндагони васоити ахбори оммаи вилояту ҷумҳурӣ: “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Халқ овози”, “Бонувони Тоҷикистон”, шабакаҳои аввали телевизиону радиои кишвар, нашрияҳои вилоятӣ, ширкатҳои маҳаллии телевизиону радио ва нашрияҳои маҳаллиро фарогир буда, мутобиқи хатсайри муштараки таъсисдодашудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо навбат ба ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят сафари эҷодӣ анҷом дода, корҳои бузурги созандагӣ ва дастовардҳои мардумро дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш дар матбуоти даврӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, радио ва телевизион муфассал инъикос хоҳанд кард.
– Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёт, созандагиву ободкорӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои басо бузургу таърихӣ анҷом дода шуданд, ки бояд эътироф намуд ва ба хурду калони ҷомеа ба таври воқеӣ ва муассир баён кард, – иброз дошт Зуфар Исмоилзода, муовини раиси вилояти Суғд, дар мулоқот бо иштирокдорони ин иқдоми наҷиб.
“Корвони журналистон”-и вилояти Суғд сафари нахустини хешро аз шаҳри Хуҷанд оғоз бахшид.


Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор