![]()
Имрӯзҳо ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфта, дар ин замина таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти хосса ва бағоят муҳим пайдо намудааст. Зеро солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлҳои хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват гирифта, ба оромиву суботи минтақа ва кишварҳои алоҳида хатар эҷод намудаанд.
Мусаллам аст, ки созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор медиҳанд: “Доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд”.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат ба экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмуиеро тақозо менамояд, ки ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона шудаанд.
Чунончи, таъмини амнияту субот боис гардидааст, ки иқтисоди миллӣ рушд ёбад ва сатҳи некуаҳволии мардум беҳтару хубтар гардад. Дар самти таъминоти иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолии мамлакат Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ батадриҷ боло рафта истодааст.
Яке аз заминаҳои асосии ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” мебошад, ки 2-юми январи соли 2020 дар таҳрири нав қабул шуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро муайян менамояд.
Мутобиқи моддаи 1 Қонун экстремизм– ифодаи мафкура ва иҷрои амалҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва дигар роҳҳои зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд. Фаъолияти экстремистӣ – фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ мебошанд, ки ҷиҳати банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ, ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд.
Тибқи ин модда, ташкилоти экстремистӣ – гурӯҳи муташаккили шахсон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилоти дигаре, ки нисбати онҳо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд аст, ба ҳисоб меравад.
Барои иштирок дар фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шуда, ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 306 (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), моддаи 3071 (даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), моддаи 3072 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 3073 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)), моддаи 3074 (ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта), моддаи 3341 (ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ эътироф шудаанд.
Стратегия ва Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат ба тундгароӣ, хурофотпарастӣ ва экстремизму терроризм қабул ва татбиқ мешаванд, дар меҳвари худ фаъолияти пешгирикунандаро гузоштаанд. Дар ин барномаҳо таъкид мегардад, ки пешгирӣ ин пуриқтидортарин василаи муқовимат ба экстремизму терроризм, беҳтар аз аслиҳа ва қавитар аз деворҳои баланди муҳофизатӣ мебошад.
Имрӯзҳо тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи мусбат дода, сол ба сол сатҳи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ тамоюли камшавиро касб намудааст. Чунин ҳолат ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат карда, тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри Душанбе дар сархати кишвар ва шаҳрҳои барои зиндагӣ амнтарини ҷаҳон мавқеи устуворро касб намудаанд.
Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки тамоми тадбирҳоро андешем, то сатҳи дониш, маданият ва ҷаҳонбинии мардум баланд бардошта шуда, пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гирифта шавад ва сарнавишити талху сангини шахсони гумроҳшуда дар рӯзгори дигарон такрор наёбад.
Баҳриддин САФАРЗОДА, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе