![]()
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим яке аз ҳадафҳои стратегии давлат мебошад. Сифати ғизо, аз ҷумла ғанигардонии орди гандум ва йодноккунии намак, заминаи асосии ҳифзи саломатии миллат ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Саломатии инсон аз ғизои дуруст ва мутавозин вобастагии зич дорад. Дар шароити ҷаҳони муосир норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ (микронутриентҳо), аз ҷумла оҳан, йод, кислотаи фолий ва дигар унсурҳои муҳим, ҳамчун яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ эътироф гардидааст. Камғизоӣ ва норасоии микронутриентҳо метавонанд ба пастшавии қобилияти зеҳнӣ, коҳиши масунияти организм, зиёдшавии бемориҳои гуногун ва паст гардидани қобилияти меҳнатӣ оварда расонанд.
Бинобар ин, бисёр кишварҳои ҷаҳон мушкилоти норасоии витамину минералҳоро тавассути ғанӣ гардондани маҳсулоти хӯроквории серистеъмол ҳал намуда истодаанд. Дар ҷумҳурии мо низ Ҳукумати мамлакат ин равандро ба инобат гирифта, барои ғанигардонии орди навъи олӣ, орди якуми гандумӣ ва йодноккунонии намаки ошӣ, ки миёни аҳолиамон маҳсулоти серистеъмол маҳсуб меёбанд, тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин замина метавон аз Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҳамчун масъули татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ёдовар шуд, ки дар доираи татбиқи амру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими заминаҳои устувори амнияти озуқаворӣ ва солимии ҷомеа саҳмгузор мебошад.
Ёқубҷон Уроқов, мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи Муассисаи мазкур, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки дар шароити имрӯза мушкили норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ барои саломатии инсон масъалаи ҳалталаб маҳсуб ёфта, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ғизо аз меъёрҳои оқилона ва аз ҷиҳати физиологӣ асоснок дур шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, истеъмоли нокифояи микронутриентҳо бо ғизо мушкилоти тамоми кишварҳои мутараққӣ ба ҳисоб рафта, онҳо ин мушкилии мавҷударо тавассути ғанӣ гардондани маҳсулоти хӯроквории серистеъмол ҳал намуда истодаанд. Яъне, имрӯзҳо ҳолати беҳтар гардидани вазъи ғизо барои мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ хеле зарур мебошад.
– Ҳадафи аслии Муассисаи мо низ татбиқи лоиҳаву барномаҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ҷиҳати аҳамияти ғизои солим, пешгирии камғизоӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии маҳсулот ва ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат, мебошад, – гуфт Ёқубҷон Уроқов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”